Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дарафтода, дар зери қамчинзании шавҳараш фарёд мекашад:
“Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортук кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!..”

Образи Мирзоакрамбойро симои Абдулаҳдхон боз ҳам тақвият медиҳад. Абдулаҳдхон, чӣ дар замони валиаҳд буданаш ва чӣ дар замони амириаш, танҳо ба айшу нӯш, дилхушӣ, бедонабозӣ, шаҳватпарастӣ ва ришваситонӣ машғул аст. Дар боби XIV лаҳзаи марги падараш — амир Музаффарро интизорӣ кашидани Абдулаҳдхони валиаҳд ҷолиби диққат аст. Абдулаҳдхон дар Кармина хабари вафоти падарро бесаброна интизор аст. Зеро “ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, молики сею ним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард.
Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. Ӯ ҳавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!” Ҳирси бемайлони ба мансаби олӣ ва сарвату ҷоҳу ҷалол соҳиб гаржидан Абдулаҳдро аз камтарин ҳиссиёти инсонӣ ва одатҳои одамгарӣ маҳрум гардонидааст, ба дараҷае ки ҳарчӣ тезтар вафот ёфтани падарашро бо ҷону дил хоҳон аст.

Нависанда дар офаридани характерҳои мусбату
манфии роман услуби тазодии тасвирро истифода
кардааст. Барои Назири шикорчӣ вафоти набераи
дусолааш фоҷиаи бузург аст, аммо Абдулаҳдхон хоҳони
ҳарчӣ тезтар вафот ёфтани падараш мебошад; чун
Фотима хабари қатли Восеъро ба ҳамдиёронаш расонд,
мардум азо гирифт ва “маъракаи азодорӣ як ҳафта давом
кард. Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор

пешина
аз 343
навбатӣ