Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
тӯда-тӯда мардумон саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меомаданд, мотам мегирифтанд”, аммо мурдаи амир Музаффарро “бо шитобу ҷадал... ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш.”
Ҳамин тариқ, образҳои романи “Восеъ” ҳар кадом дорои хислату характери ба худ хос буда, дар маҷмӯъ зиндагии як давраи таърихии халқи тоҷикро хеле табиӣ ва бо тамоми паҳлуҳояш инъикос намудааст.
Сотим Улуғзода аз аввалин драманависҳои касбии тоҷик аст. Нахустин пьесаҳои ӯ “Шодмон” (1939), “Калтакдорони сурх” (1940) ва “Дар оташ” (1944) аз ҷиҳати ҳунари нависандагӣ нисбат ба драмаҳои ин давра таълиф гардидаи адибони тоҷик баландтар ва мукаммалтар буданд. Баъдҳо С. Улуғзода чун “Ҷӯяндагон” (1951), “Рӯдакӣ” (1958), “Ҷавонии Ибни Сино” (1960; ҳамроҳи В. Виткович), «Гавҳари шабчароғ» (1962), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам ва дигарон” (1971), «Восеъ» (1971) барин асарҳои саҳнавии бисёре офаридааст, ки онҳоро намунаи беҳтарини драматургияи тоҷик номидан мумкин аст. Дар намоишномаҳои таърихии адиб симои Рӯдакӣ, Ибни Сино, Темурмалик, Аҳмади Дониш, Восеъ барин шахсиятҳои таърихӣ воқеӣ ва ҳунармандона офарида шудааст.
Драмаи «Ҷавонии Зиндагӣ ва шахсияти алломаи бузурги Машриқзамин Ибни Сино». Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи Сотим Улуғзодаро ҳанӯз солҳои 30-юми асри ХХ ба худ ҷалб намуда буд. Адиб аввалин маротиба бо ҳамкории В. Виткович киноповести «Ибни Сино»-ро таълиф намуд, ки муҳимтарин давраҳои ҳаёт ва фаъолияти илмии Шайхурраисро дарбар мегирифт. Муаллифон баъди 30 сол боз ба ин шахсияти оламшумул муроҷиат карда, соли 1960 пьесаи «Ҷавонии Ибни Сино»-ро таълиф намуданд. Намоишномаи «Ҷавонии Ибни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё