Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сино» аз ду қисм ва ҳафт саҳна иборат буда, поёни зиндагии Шайхурраисро дар Бухоро фаро мегирад. Баъди муқаддима амалиёти образҳои мусбату манфӣ, аз як тараф, Ҳусайн (Ибни Синои 20 - сола), Ситорабону (модари Ҳусайн), Ноҳид (хоҳари Абуиброҳими Сомонӣ, дӯстдоштаи Ҳусайн), Абулфайз Чағонӣ (китобдори китобхонаи шоҳӣ – «Савнонал-ҳикмат», устоди Ҳусайн ва Ноҳид), Хуррам, Шамс, Убайд, Наҳвӣ (дӯстони Ҳусайн) ва, аз тарафи дигар, шайх Абӯтоҳир, марди олусчашм ва марди бинипачак (муридони Абӯтоҳир) давом мекунад. Дар саҳнаи аввал зиддияти воқеаҳо сар мешавад. Ҳусайн аз дарки фалсаваи ҳакими юнонӣ - Аристотолис ниҳоят шод шуда, ба мардум садақа медиҳад. Ин хурсандии Ҳусайн ба чашми шайх Абӯтоҳир чун хор мехалад. Шайх Ҳусайнӣ ба фалсаваи Юнон машғулшавандаро бидъаткор ва кофир номида, аз пайи таъқиби ӯ мешавад. Дар саҳнаҳои II-IV қисми якум паҳлӯҳои гуногуни амалиёти Ҳусайн ошкор мегардад. Аз ҷумла, аз имтиҳони устод Чағонӣ бо сарбаландӣ гузаштан, ба шоҳдухтар Ноҳид шинос шудан, дар хонаи падарӣ ҳамроҳи модараш ба табобати мардум машғул шудани образи асосӣ ба тасвир омадааст. Дар айни ҳол таъқиби Ҳусайн аз тарафи шайх Абӯтоҳир ва муридонаш рӯз то рӯз афзуда, хусусияти оштинопазирӣ пайдо мекунад. Дар саҳнаҳои қисми дуюм бархӯрдҳои образҳои мусбату манфӣ ба авҷи аълои худ мерасад. Шайх Абӯтоҳир ба хони Туркистон Насри Илек ба таври махфӣ алоқа намуда таъқиби Ҳусайн ва устод Чағониро қувват медиҳад. Аз тарафи дигар, муҳаббати Ҳусайнӯ Ноҳид назди устод Чағонӣ ва Ситорабону ошкор мегардад. Пйеса бо як рубоии Умари Хайём анҷом меёбад:

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

пешина
аз 343
навбатӣ