Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Умуман, дар “Ҷавонии Ибни Сино” порчаҳои шеърӣ зиёд истифода шудаанд.

Дар байни образҳои мусбату манфӣ нақши Ҳусайн мавқеи асосӣ дорад. Ҳусайн ҷавони зирак, соҳибистеъдод ва ташнаи илму дониш мебошад. Ӯ дар овони ҷавонӣ асарҳои китобхонаи “Саввон-ал-ҳикмат”-ро аз бар карда, ба фалсафаи Юнони қадим шинос мешавад, китоби муқаддаси Зардушт — Авесторо мутолиа мекунад, барои мухлисон китобҳо менависад. Ноҳид барои Абулҳасани Наҳвӣ доир ба фалсафа ва ахлоқ 21 рисола навиштани Ҳусайнро шунида тааҷҷуб мекунад: Ноҳид:

  • Бисту як рисола... Чанд вақт навиштед?

Ҳусайн: -

Ду сол.

Ноҳид:

  • Дар ду сол ҳамин қадар китоб навиштед? Чӣ, магар шумо нахӯрдед, нахобидеду фақат навиштед?

Ҳусайн:

  • Ҳар рӯз ва аксарон шабҳо ҳам то бомдод. Ҳар шабонарӯз сӣ, чиҳил ва ҳатто панҷоҳ варақ навишта мешуд.

Дар мубоҳиса бо шайх Абӯтоҳир, ки ба қавли ӯ ҳамаи китобҳои аз ғайри дини исломро сӯзондан даркор аст, Ҳусайн мегӯяд: “Дониши ҳақиқӣ дар оташ намесӯзад, балки обутоб меёбад”. Бо ин ҳама донишу фаросат ва қобилияти беҳамтои фитрӣ бо сабаби ҷавонӣ ва камтаҷрибагӣ ҷаҳонбинии Ҳусайн ҳанӯз пурра ташаккул наёфта буд. Ҳусайн фикри устодашро, ки “аҷаб нест Абӯтоҳир ва пайравонаш қасди нобуд сохтани китобхонаро кунанд” мегӯяд, рад менамояд: “Онҳо ҳарчанд мутаассиб ҳам бошанд, гумон намекунам, ки ба чунин ҷинояти азим ҷуръат кунанд”. Драматург характер

пешина
аз 343
навбатӣ