Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва шахсияти Ҳусайнро дар инкишоф ва такомул тасвир менамояд. Баробари таҷрибаи зиндагӣ андӯхтан аз байн рафтани давлати Сомониён ва оташ гирифтани китобхонаи шоҳиву устодашро дидан иродаи ӯ қавӣ ва ҷаҳонбиниаш мустаҳкам мегардад.

Ҳусайн як умр гӯё васияту супориши устоду маҳбубаи некомашро ба ҷо меорад, ки аз нав барқарор кардани ганчинаи дониши “Саввон-ал-ҳикмат”-ро дархост намуда буданд:

Ноҳид:

  • “Ҳусайн! Шумо “Саввон-ал-ҳикмат”-ро зинда мегардонед, вай дар сару ёди шумост. Инро ба шумо на ман, балки устодамон мегӯяд. Шумо ин корро дар Хоразм анҷом медиҳед”. Образҳои устод Чағонӣ, Ситорабону ва Ноҳид низ ҳунарманданд ва табиию ҷолиб ба тасвир омадаанд. Дар симои Абулфайз Чағонӣ анъанаи бойи китобдорӣ, мактабдорӣ ва таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Сомониён таъкид ёфтааст. Устод Чағонӣ донишманди бузург аст, аз илмҳои диниву табиӣ огоҳии комил дорад ва ба тамоми ҳастӣ ба таълиму тарбияи шогирдонаш – Ҳусайн ва Ноҳид кӯшиш менамояд. Устод дар ниҳоди Ҳусайн андак фориғболӣ ҳис намуда, ӯро ҷиддан сарзаниш менамояд: “...Ту чандин илм омӯхтӣ, аммо то хирадмандии комил туро масофа ҳанӯз чун аз кулбаи дарвеш то сари манораи калони шаҳр аст... Вақти гаронмояро зоеъ макун, писар. Донишҷӯйи ҳақиқӣ бояд рӯзову шабон аз мутолаа сар nabardorad”. Аз файзи таълими устод Чағонӣ Ҳусайн ва Ноҳид забонҳои авастой ва арабиро ба дараҷаи аъло аз худ менамоянд, таърихи илму адабиёту фарҳанги хеш ва ҷаҳонро мукаммал меомӯзанд ва ба фалсафаву ахлоқи Юнони қадим мутаваҷҷеҳ мешаванд. Дар пӯесаи “Ҷавонии Ибни Сино” қувваҳои бадиро шайх Абутоҳир ва муридони ӯ намояндагӣ мекунанд. Онҳо боиси сӯхта нобуд шудани
пешина
аз 343
навбатӣ