Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

китобхонаи бузург, китобдори хирадманд ва оворагию бадбахтиҳои Ҳусайну Ноҳид гардиданд.

Драматург як давраи кӯтоҳи ҳаёти Шайҳурраисро дар айёми ҷавонӣ нишон дода, таъкид мекунад, ки асоси эътибору эътирофи шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ илму дониш аст. Донишро бошад, маҳз дар давраи ҷавонӣ аз худ кардан зарур аст. Моҳияти сухани ҳикматноки “дониши ҳақиқӣ дар оташ намесӯзад, балки обутоб меёбад” ҳам дар ҳамин аст.

Забони “Ҷавонии Ибни Сино” сода, равон ва образнок буда, нигориши пьеса ба рӯҳи таърихии асар ва замону макони воқеаҳои тасвиршаванда иртиботи комил дорад. Аз ҷумла, калима ва таркибҳои нузул, улум, ашхос, ихвонуссафо, муслимин, алҳақ, анкариб, кутубхона, аҳком, уламо шароит ва рӯҳи таърихии замони Сомониёнро ботамом ҷилвагар месозанд. Сухани устод Ҷағонӣ фасеҳ, образнок ва мафтункунанда мебошад. Панду ҳикмат, мақолу зарбулмасал ва таркибҳои маҷозӣ ба нутқи устод қувваи муассирӣ ва ҷанбаи ахлоқӣ ато менамояд. Ҷағонӣ амалиёти хиёнаткоронаи Абутоҳир ва муридони ӯро чунин хулоса мекунад: “ҳар ҷо ки қадами ин тоифа шахсҳо расид, ҳафт сол алаф намерӯяд”. Ё худ дар боздоштани Хусайн аз мағрурӣ мақоли зеринро истифода мекунад: «Рост гуфтанд, ки рангрезро таъриф кунӣ, ришашро ҳам ранг мекунад”. Хусайн ва Ноҳид, ки давраи донишҷӯӣ ва айёми пурасрори ҷавониро аз сар мегузаронанд, гуфторашонро бо порчаҳои шеърии шоирони тоҷику араб ва иқтибосҳои илмии машҳур тақвият мебахшанд.

Инкишофи шахсият ва ҷаҳонбинии илмии Хусайнро эҷодиёти худи ӯ низ собит месозад:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Ҳар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

пешина
аз 343
навбатӣ