Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ҶАЛОЛ ИКРОМӢ
(1909 — 1993)
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ соли 1909 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Падараш — Икромиддин таҳсилдидаи мадраса буда, баъдҳо ба мансаби қозигӣ расидааст ва дар таълиму тарбияи фарзандон кӯшиш намудааст. Падар ба фарзанди сеюм Ҷалол, ки дар дусолагӣ аз модар маҳрум гардида буд, бештар ғамхорӣ менамуд. Ҷалол аз хурдӣ ба илму дониш завқу ҳавас пайдо мекунад ва ба мутолиаи «Тоҳир ва Зуҳро», «Лайливу Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Ҳотамнома», «Замчинома» барин достону қиссаҳо машғул мешавад. Ҷалол таҳсилро дар мактаби кӯҳнаи Қаракӯл, ки чанд вақт падараш он ҷо қозӣ будааст, оғоз мекунад. Баъдҳо дар мактаби нав ва аз соли 1922 дар Дорулмуаллимини Бухоро таҳсил менамояд. Ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимин ба хондани асарҳои тарҷумашудаи Виктор Гюго, Александр Дюма, Максим Горкий, Оноре де Балзак, Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Николай Гогол, Иван Тургенев барин суханварони бузурги рус ва Аврупо мепардозад: “Хондани ин китоб ва романҳо, - навиштааст ӯ, - ба ман чунон фоида овард, ки дар синф яке аз шогирдони пешқадам шудам.”
Ҷалол Икромӣ баъди хатми Дорулмуаллимин (1927) чанд вақт дар Бухоро ба муаллимӣ машғул мешавад ва соли 1930 ба Сталинобод кӯчид. Чанд муддат дар Кумитаи тоҷикшиносӣ кор кардааст. Баъдҳо котиби масъули маҷаллаи “Раҳбари дониш”, мудири шуъбаи адабии Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои бисёр ба кори эҷодӣ машғул буд. Соли 1993 аз ҷаҳон чашм мепӯшад. Шодравон дар мазори Лучоб ба хок супорида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё