Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

хеле самими ва муфассал тасвир гардидааст. Анвар айёми баҳор дар шаби маҳтобии Лолазор бо Зайнаб ба сайругашт баромада буд ва аз ҳусни дилҷӯ, суханҳои дилангез, шеърхониҳои латифи ин зани ҷавон ба ваҷд омада, бо тамоми ҳастӣ мафтуни ӯ гардид. Роҳбари мактаб як лаҳза фаромӯш кард, ки шахси баобрӯи деҳа ва соҳиби зану фарзанд мебошад. Вале дарҳол ба худ омад ва ақлро кор фармуд: «Дар ин ҷо ба хотири Анвар расид, ки гапро кӯтоҳ кардан лозим аст, агар ҳамин тавр рафтан гирад, Худо медонад, ки сухан то куҷоҳо мерасад». Анвар ягон нияти бад ё нопокие надошт ва фақат чанд рӯз дар қайди ин ишқи нобаҳангом монда буд, вале ин ҳодисаро боадолатона муҳокима намуда, барои ҳамин ишқу ҳаваси яклаҳзагӣ ҳам худро гунаҳгор шумурд. Ӯ сабабҳои ба Сурайё, ба ин зани покдоману оқила, хиёнат карданашро ҷустуҷӯ намуда ба чунин натиҷа расид, ки беху решаи гуноҳ ана дар ҳамин аст: занро ҳурмат накардан! Инро ҳоло фаҳмида ва эътироф менамоям. Занро ҳурмат накардан худро ҳурмат накардан аст. Анвар ҳуқуқ, ҳунар ва мавқеи иҷтимоии занро не, балки шаъни инсонии ӯро дар ҷои аввал мегузорад ва шахсияти ин ҷинси латифро лоиқи ҳурмату эҳтиром мешуморад. Қаҳрамони асосии асар дар натиҷаи андешаи амиқ ва тафаккури зиёд ба ин хулоса расидааст. Бинобар ин Анвар дар насри тоҷик қаҳрамони нав мебошад, ки масъулиятшинос буда, қобилияти худтаҳлилӣ ва худбаҳодиҳӣ дорад.

Образи Сурайё низ ҷолиб ва ба худ хос мебошад. Ин образ дар асар чун зани ботамкин, рӯзгордида ва модари мушфиқу меҳрубон намоён мегардад. Ботамкинӣ ва дурандешии Сурайё махсусан ҳангоми аз тарафи Мухтор расондани хабари бо Зайнаб ба лаби дарё рафтани шавҳараш равшан мушоҳида мешавад. Мухтори фитнагар бо ин ҳам қаноат накарда, манзараи

пешина
аз 343
навбатӣ