Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
«ишқварзии» Анварро ба ӯ нишон додан мехоҳад. Дар ин дам қатъияти хислати Сурайё батамом намоён мешавад:
«Сурайё бо нафрат дасти худро аз дасти ӯ ҷудо карда гирифт. — Равед аз ин ҷо! — гуфт ӯ. Дар овози Сурайё ончунон оҳанги нафрат ва бадбинӣ буд, ки Мухтор ба худ ларзид. — Дафъ шавед! — гуфт Сурайё андак овозашро баланд карда ва ба дасташ ба сӯйи берун ишора кард. Дую дубора ба хонаи мо пойӣ қадами шуми худро нагузоред».
Тасвири пай дар пайи хислатҳои ҳамидаи Сурайё симои ӯро чун зани неккирдору инсони комил дар хотирҳо муҷассам менамояд. Рафтори вай баъди фаҳмидани пули маоши муаллимонро гум кардани шавқараш аҳамияти муҳими омӯзандагӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Сурайё ба «чӣ кор кунем?» гуфта савол додани шавҳараш мегӯяд: «Дар сандуқ ду либосворӣ сатин ва шоҳӣ дорем, костюми нави ман ҳаст, ҳалқаи тилло ва ангуштаринҳои аз модарам меросӣ ҳаст. Ҳамаи инро мефурӯшем...»
Ҷ. Икромӣ ба воситаи образҳои Зайнаб ва Мухтор мавқеи таълиму тарбияро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад. Мухтор аз хурдӣ дар тарбияи падари ӯгай - Абдулло мемонад. Абдулло, ки худ бо фиребгарӣ рӯз мегузаронд, Мухторро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия намуд. Мухтор дар қаллобию дасисакорӣ аз падари ӯгай гузаронд. Ин образ нафратовар ва дилнокаш мебошад. Зайнаб духтари ягонаи раиси комичроияи вилоят — Очилбатрак мебошад ва муҳити оилавӣ ӯро нозук ва нозпарвар намудааст. Ҳамин зудбоварию кӯтоҳандешӣ боис шуд, ки ӯ ба доми тазвири Мухтор афтод. Оқибат бо мушкилӣ ва душворӣ тавонист, ки роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Азобу ташвишҳои Зайнаб гувоҳ бар он аст, ки дар интихоби рафиқи ҳаётӣ саҳлангорӣ кардан оқибатҳои нохуш дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ