Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар романи «Ман гунаҳгорам» дар кушодани олами маънавии персонажҳо монологи ботинӣ истифода шудааст. Нависанда ба воситаи монологҳо ҳар чизи дар дилу ниҳоди персонажҳо ҷой доштаро ошкор месозад. Масалан, Сурайё дар бораи шавҳараш чунин андеша меронад: «Анвар содагӣ дорад ва зудбовар аст. Баъзан фиреб мехӯрад, баъзан ба дом меафтад ва ногувориҳоро боз зуд фаромӯш мекунаду боз ба ӯ ҳар чӣ гӯянд, бовар мекунад ва ҳар чӣ фурӯшанд, ба нақд харида мегирад».

Чунин услуби нигориш, ки насри андеша унвон гирифтааст, баъдҳо дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобиров, Сайф Раҳим идома ва такмил ёфт. Вале номи Ҷ. Икромӣ дар таърихи адабиёти тоҷик чун устоди насри андеша боқӣ мемонад.

Таълифи китобҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» зиёда аз 15 сол давом мекунад. «Духтари оташ» воқеаҳои ибтидои асри XX то инқилоби Бухороро фаро мегирад. «Духтари оташ» ва «Тахти вожгун» ба воқеаҳои солҳои 1920-1922 оид мебошанд. Дар асарҳои сегона зиёда аз 300 персонаж фаъолият доранд. Бандубасти «Духтари оташ» дорои сюжети мураккаб ва мавзӯъҳои гуногун мебошад. Нависанда солҳои зиёд воқеаҳои таърихии Бухорои ибтидои асри XX ва тақдири таърихии занони тоҷикро дар ин давра меомӯзад. Дар ин миён саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ном зани муборизу далер таваҷҷуҳи ӯро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ин зани 76- солаи бухороӣ дар хурдӣ ҳамроҳи модаркалонаш - Дилоромканиз дар ҳавлии Қароқулибой хизмат мекардааст. Баъди вафоти модаркалон рӯзгори фоҷианокеро аз сар гузаронида, баҳри зиндагии арзандаи занони тоҷик талош мекунад. Саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ба нависанда барои навиштани асари «Духтари оташ» роҳ мекушояд: Аз ин рӯ, дар «Духтари оташ» як қисм образҳо шахсҳои

пешина
аз 343
навбатӣ