Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
таърихианд ва, баъзан, бо номҳои худашон дар асар ширкат доранд. Аз ҷумла, прототипи образи асосӣ — Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова буда, Дилоромканиз бо номи худаш ширкат дорад. Романи «Духтари оташ» аз се фасл иборат аст. Фасли «Дилоромканиз» аз ҳафт боб иборат буда, рӯзгори Дилоромканиз ва набераи ӯ — Фирӯзаро дар гузари Абдуллоҳҷаи Бухоро дар бар мегирад. Ин фасл саргузашти Дилоромкампири навадсола, ба мактаби Оймуллои Танбӯр даромадани Фирӯза ва моҷарои тӯйи Ғаниҷон — бойбачаро фаро гирифта, бо марги Дилоромканиз анҷом меёбад.
Фасли дуюм «Дарбадарӣ» ном дошта, аз 16 боб иборат аст ва тақдири Фирӯзаро баъди марги модаркалонаш фаро мегирад. Дар ин боб воқеа миёни образҳои мусбат ва манфӣ торафт шиддат меёбад ва Фирӯза бо ёрии Ҳайдарқул, Асо ва Аҳмадхони Машқоб барин хешовандон ва эътиқодмандон аз дасти Ғаниҷонбой ҷон ба саломат мебарад.
Фасли «Дӯст ва душман» аз 14 боб иборат буда, фаъолияти Фирӯза ва ҳаммаслаконашро то инқилоби Бухоро фаро мегирад. Барҳам хӯрдани ҳукумати амирӣ барои Фирӯза барин заноне, ки ба ҳарамсарои амир хизмат мекарданд, ҳодисаи фараҳбахш буд.
Умуман, дар романи «Духтари оташ» 130 персонаж мушоҳида мешавад ва ба воситаи амалиёт ва бархӯрди онҳо масъалаҳои бисёре мавриди тасвир қарор мегиранд. Образҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Аҳмадхони Машқоб, Оймуллои Танбӯр, Шамсия, Асо, Ҳайдарқул, Истад (мусбат), Ғаниҷон бойбача, Абдурраҳмонбек, Мағфират, Қароқулийбой, Нусратулло (манфӣ) ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳм гирифтаанд.
Дар байни мавзӯъҳои гуногуни «Духтари оташ» мавзӯи занон мавқеи марказӣ дорад. Ҷалол Икромӣ дар тасвири образи занон роҳу усулҳои ба худ хосро истифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ