Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кардааст. Нависанда зиндагии камбағалона ва ҳаёти ногувори табақаҳои поёнии занони тоҷикро тасвир карда, пеш аз ҳама, масъалаҳои шаъну эътибори инсонӣ, иззати нафс, сарбаландӣ ва шарафу номусро ба миён мегузорад. Дилоромканиз як умр хизмати боёну мансабдоронро ба ҷо овардааст. Ӯ бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиро аз сар гузаронд ва шоҳиди беадолатию нобаробариҳои зиёде гардид. Хислати Дилоромканиз дар ҷараёни зиндагӣ такмил меёбад ва рафта-рафта ба дараҷае мерасад, ки назди қувваи иродаи вай ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мемонанд. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътиборашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад. Дилоромканиз ба оқсақол, ки ӯро ноқисулакл меномад, чунин ҷавоб медиҳад:
Ту, оқсақол, ҳанӯз ба собуни ман ҷомашӯӣ накардай! — гуфт вай таҳдидозона. — Ноқисулакл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаҷамҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда, аз атрофи сари дегат бохабар шав!

Суханҳои нишонраси вай ҳар гуна рақиби тундмизоҷро ҳам мағлуб менамояд. Бойдухтари даҳанкалону ҳавобаланд Мағфират рӯзи тӯяш Фирӯзаро меранҷонад ва ба ғазаби Дилоромканиз гирифтор мешавад. Ба суханҳои кампир: «Шӯхиатонро ба тайи чимилчиқ ҷамъ карда монед, пошохон!» ё «бисёр телба нашавед, пошохон, ба сӯзу гудоз вақт меёбед» Мағфират ҷавоб ёфта наметавонад. Дилоромканиз дар айни ҳол зани ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ такягоҳ ва саробони наберааш Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Аҳмадхони Машқоб, Асо мебошад. Ба Ҳайдарқул, ки қасоси зану фарзандашро аз Ғаниҷонбой гирифтан мехост, маслиҳатҳои фоидаовар медиҳад. Агар образи Дилоромканиз танҳо дар «Духтари оташ» ба назар расад,

пешина
аз 343
навбатӣ