Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Бар гардани дил савор рафтам...
Бо он, ки шурӯи тирамаҳ буд,
Бо лаззати навбаҳор рафтам.
Ӯ моҳи даруни ахтарон буд,
Ман моҳи гирифтавор рафтам.
Умуман, тасвирот дар ашъори ишқии устод Лоҳутӣ ба дараҷае муассир ва мафтункунанда мебошад, ки байтҳои алоҳидаи ғазалиёти шоир ба пояи баланди суханварӣ расида, чун мисоли зерин, ҳукми шоҳбайтро гирифтаанд:
Арзандатар аз ишқ дар олам гуҳаре нест,
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин.
Сурудҳои устод Лоҳутӣ бо ду роҳ арзи вуҷуд кардаанд. Аввалан, қисми ашъори рӯҳбахши шоир, махсусан ғазалҳои шӯху дилнишини ӯ, ки бо мусиқӣ тавъам мебошанд, минбаъд ба оҳанг дароварда шудаанд. Намунаи чунин шеърҳо "Тоҷикистон шуд мунаввар", "Боз ҳам ёр ба рақс омадааст", "Ошиқам, ошиқ ба рӯят", "Охир, эй маҳ, ҳалок шуд дили ман", "Парвона медонад" мебошанд, ки баъдтар чун суруд истифода шудаанд. Дувум, ашъоре, ки ҳамчун суруду тарона эҷод шудаанд. Дар эҷодиёти Лоҳутӣ мавқеи муҳим доштани суруду таронаро чунин далел ҳам собит месозад, ки шоир ба ин жанри адабӣ "Таронаҳо" (1935), "Сурудҳои мусаллаҳ" (1942), "Сурудҳои ҷанги ватанӣ" (1943) ном китобҳо ба табъ расонидааст. Сурудҳои Лоҳутӣ дар мавзӯъҳои таърихӣ, инқилобӣ, сарбозӣ, ишқӣ, ҳаёти оилавӣ, муҳаббат ба ватан, бачагона, меҳнати бунёдкорона эҷод гардидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила сурудҳои ватанхоҳии шоир ба вуҷуд омадаанд, ки ба як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва душманбадбинӣ таълиф гардиданд. Дар сурудҳои "Дарандагонро бизанем",

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё