Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

"Суруди ҷангии ҷавонон", "Марши ваҳдат", "Ҳасми башар", "Тарона" Гитлер ва фашизми Германия, ки Иттиҳоди Шӯравиро ба ҷанг кашидаанд, ба ҳайвони даранда, гурги одамхӯр, ваҳшиёни манфур ва муборизони роҳи озодӣ ба авлоди Рустам, барқи сӯзон ва уқёнуси ноором нисбат дода мешавад:

Ҳасми башар ҳамлавар шуд,
Рӯйи замин пуршарар шуд,
Панҷа ба хун зад гурги фашизм,
Зиндагии халқ дар хатар шуд...

Ҷанбаи халқии сурудҳои Лоҳутӣ пуркувват буда, як қатор суруду таронаҳои шоир аз назми шифоҳии тоҷик ғизо гирифтаанд. Масалан, суруди "Алла"-и шоир чун сурудҳои "Алла"-и халқӣ орзую умеди модар ба ояндаи фарзанд ва солиму бардам ба воя расидани тифлро ифода мекунад. Дигар шоирони тоҷик низ суруди "Алла" эҷод кардаанд. "Алла"-и Лоҳутӣ бошад, намунаи беҳтарини сурудҳои "Алла", ва умуман, назми бачагонаи тоҷик ба шумори меравад. Сабаби таваҷҷуҳи зиёди бастакорону оҳангсозон ба ашъори Лоҳутӣ дар иртиботи комили онҳо ба оҳангу мусиқӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, устод Лоҳутӣ дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик мақоми басо арзанда ва ифтихорӣ дорад. Устод чашмаи хушкнашавандаи ашъори форсӣ буд ва чун насими фараҳбахши пагоҳӣ ба назми тоҷик рӯҳи тоза бахшид. Номи устод Лоҳутӣ ба тавассути тарҷумаи ашъори оташбораш дар ҷаҳон шӯҳрат ва эътибор пайдо кардааст. Ба гуфти Мирзо Турсунзода: “Лоҳутӣ шоири муборизи роҳи озодӣ буд ва то нафаси охирин чун муборизи зиндагӣ кард”.

пешина
аз 343
навбатӣ