Ҷаҳони Тоҷикон

мекарданд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқи фаронсавӣ Лазар, дар воҳаи Хоразм забони хоразмӣ (забони Берунӣ) рушд кард ва забони суғдӣ дар зери истилои мусулмонон вазифаи забони расмӣ ва фарҳангиро аз даст дод, вале он ҳамчун забони гуфтугӯӣ дар вилояти Самарқанд боқӣ монд. Уструшон (Истаравшани ҳозира – М.А) низ лаҳҷаи худро дошт. Дар Афғонистони кунунӣ Ғарҷистон низ, мисли минтақаи Ғӯр, лаҳҷаи худро дошт, ки сокинонаш дар соли 1020 бо (ҳоким) Масъуди Ғазнавӣ танҳо тавассути тарҷумон муошират мекарданд. Дар мамлакатҳои эронӣ бисёр лаҳҷаҳои дигар ҳам мавҷуд буданд. Ин мутахассис қайд мекунад, ки дар Варорӯд ва Хуросон бисёр лаҳҷаҳо вуҷуд дошта, забони дарӣ, ки мавқеи худро дар Ироқ (дар Тайсафун) аз даст дода буд, нақши забони ягонаро иҷро карда, ҳамзамон дар шарқ қаламрави азимеро ба даст овард. Ба ақидаи ӯ, эҳтимолан, дар даврони Сосониён, забони дарӣ доираи забони портро, ки дар асри III мелодӣ забони умумӣ буд, дар Хуросон танг кард.
Табиист, ки маҳз дар ҳамин давра, ки Трансоксиана ва Афғонистони ҳозира ба ҳайати хилофат дохил карда шуда, истилогарони мусулмон онро дар тамоми минтақаҳои шимолу шарқӣ паҳн карданд.
Ҳамин тариқ, паҳн шудани дини ягона (ислом) дар минтақаҳои сершумори Варорӯд ва Хуросон аз ҷониби аввалин мусулмонони даризабон ба паҳншавии мувозии ин забони умумӣ мусоидат намуда, дар ниҳоят лаҳҷаҳои дигарро маҳдуд намуд (ғайр аз водиҳои баландкӯҳ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё