Ҷаҳони Тоҷикон

Хондани мунтазами хутба бо забони тоҷикӣ пеш аз ва пас аз хондани намоз бо забони арабӣ, ки дар тӯли зиёда аз садсолаҳо ҳар ҳафта такрор мешуд (ҳукмронии амирони Сомониён ва ворисони онҳо), наметавонист «ҷомеаи тахайюлӣ»-и мардуми тоҷикро ба вуҷуд наоварад, ки вижагиҳои он дар китоби машҳури Бенедикт Андерсон хеле хуб тасвир шудааст. Ба назари мо, ҳар ҳафта якхела хондани хутба бо забони тоҷикӣ ва бахшидани он ба саломатӣ ва некӯаҳволии амири ҳоким аз хонаводаи Сомониён, бешубҳа, худшиносии дастаҷамъии тоҷикон аз Систон то Суғдиён ва аз Гурганҷ то ба Ғурро ба вуҷуд овард, ки мансубияти худро ба халқи ягонаи тоҷик дарк карданд.
Эҷоди осори ҷовидона дар соҳаи адабиёт, таърих, ҷуғрофия, илоҳиёт ва дигар соҳаҳои илмӣ дар забони тоҷикӣ ба ин забон натанҳо дар давлати Сомониён мавқеи имтиёзнок дод, балки дуртар аз Варорӯд ва Хуросон дар минтақаҳои Авруосиё низ ба қуллаҳои бесобиқа бардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё