Ҷаҳони Тоҷикон

рамзӣ меорем: Муавийя худро на дар шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон – Макка ва Мадина, балки дар Байтулмуқаддас (Иерусалим) халифа эълон кард ва вориси ӯ ошӯби гурӯҳи хурди писари дигари халифа Алӣ Ҳусайн (набераи Пайғамбар)-ро бераҳмона пахш кард. Аз зумраи тамоми халифаҳои хонадони Умавия, ки қариб сад сол дар Димишқ ҳукмронӣ кардаанд, танҳо як халифа Умари Абдулазиз (с.717-720) бо риояи анъанаи тақводории худ сутуда мешавад, новобаста аз ин, вай дар дайри масеҳӣ дафн карда шудааст.
Ҳамин тариқ, ислом ба се гурӯҳи бузурги динию сиёсӣ тақсим шуда, Хуросонро ба паноҳи худ ҳамроҳ кард ва ба соҳили дарёи Ому наздик шуда, аскарони савораи он бо парчамҳояшон баъзан ба соҳили шарқии он мегузаштанд. Дар ин давра ҷиҳати надоштани эътибори олии динии халифаҳои Умавиён, олимақомони Қурайш, пас аз таъқиби мақомоти Димишқ, алайҳи ворисони халифа Алӣ, дар атрофи ворисони амаки Паёмбар Аббос муттаҳид шудан гирифтанд. Таблиғоти ҷонибдории Аббосиён дур аз пойтахти Умавиён Димишқ, ба самти шарқ дар Хуросон паҳн шудан гирифт, ки ин ғалаба на танҳо ба ивазшавии ҳукумати марказии ғайриоммавӣ, балки ба тағйироти куллии тамоми маҷмуаи динӣ ва таълимоти сиёсии ислом оварда расонд.
Баъдтар анъанаи дунявии арабҳои тоисломӣ дар мафҳуми «салтанат» ва акнун мафҳуми исломии «аморат» ҳамчун роҳбарияти ғайридинӣ, балки бо раҳнамоии низомию ҳарбии мусулмонон такмил ва дар амал татбиқ карда шуд.
Тавсеаи минбаъдаи аз ҳад зиёди ҳудуди давлати бузурги исломӣ – хилофати Аббосиён, инчунин, аз оғӯши он ҷудо шудани аввалин иттиҳодияҳои давлатии дунявӣ, ки эътибори маънавии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё