Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

онро эътироф ё рад мекарданд, масъалаи таҳия ва татбиқи консепсияи нави қудрати олиро ба миён овард, ки мафҳуми «хилофат»-ро, ки дар ҷаҳони ислом таҳти ҳукмронии чор «халифаи одил» муқаддас шуморида мешуд, рад намекард. Дар паноҳи ҷаҳони Ислом шакли дуалистии қудрати олӣ – амирӣ (ё султонӣ) ва имоматӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки аз ҳамдигар бо он тафовут доштанд, сарвари давлати тозабунёди исломӣ – султон / амир ва ё руҳонӣ – имом аст.
Маҳз пирӯзии низомии Абумуслим, ки ба ивазшавии ҷойи як сулолаи сирф арабии Умавиён ба сулолаи фавқулмиллии мусулмонони Аббосиён Тоҳир ки халифа Аминро, ки ба арабҳо такя мекард, ба халифа Маъмун, ки аз ҷониби хуросониён дастгирӣ мегардид, оварда расонд, болоравии сулолаи Саффориён, сарфи назар аз иродаи халифаҳои Бағдод, бо такя танҳо ба қувваи низомӣ ва аз ҳама муҳим, пирӯзии ҳарбии Исмоили Сомонӣ бар ҳокими халифа Амри Саффорӣ омилҳои қудратманди рушди минбаъдаи таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии ислом дар бораи қудрати олӣ гардиданд. Акнун халифаи Бағдод мақоми дуҷонибаро, ки ҳамзамон ҳамчун «имом» ва «амир» амал мекард, ифода намекард, балки танҳо нишонаи аввал (имом)-ро ҳамчун пешвои рӯҳонии ҳамаи мусулмонон нигоҳ дошт. Пас аз халифаҳои аввалини Аббосиён (Ҳорун ар-Рашид ва писарони ӯ – ворисон), халифаҳо аллакай дигар лашкаркашиҳои нерӯҳои мусулмонро ҳамчун «амир-ал-муминин» (пешвоёни ҳарбӣ) роҳбарӣ намекарданд, балки ин мавқеи масъулиятнокро ба сарфармондеҳон- амирони хуросонӣ ва варорӯдӣ гузашт карданд. Ҳодисаи машҳурро ба ёд меорем: саркӯб кардани ҳаракати мусаллаҳи ҳуррамиён (ё бобакиён) дар Озарбойҷон, ки дар наздикии пойтахти хилофат ҷойгир аст, пас аз як қатор кӯшишҳои номуваффақ ба ҳокими (афшини) дурдасти Уструшан Ҳайдар супориш дода шуд, ки бо лашкари худ, ки бо гурӯҳҳои

пешина
аз 335
навбатӣ