Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
    1. Тақвияти мақоми вазири бузург ва «девони
      вазирон» ҳамчун шакли мувофиқи идоракунии ҳукумат

Гуфтаҳои мушовири машҳури Чингизхон Елюй Чутсай, ки «дар болои асп нишаста метавон кишварро забт кард, аммо дар болои асп нишаста наметавон кишварро идора кард» тамоми мушкилоти бунёди давлатдории қобилиятнок аз тарафи қабилаҳои бодиянишин дар кишварҳое, ки аҳолии муқим доранд, инчунин, бартарии таҷрибаи давлатҳои бумиро нисбат ба қабилаҳои бодиянишин равшан инъикос менамояд.
Ба ҳама маълум аст, ки дар Арабистони тоисломӣ танҳо ду давлати хурд– Ҳасаниён, ки ба сӯйи Византия ҷазб доштанд ва Лаҳмиён - тобеи давлати Сосониён мавҷуд буданд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки хилофати исломӣ, ки дар як муддати кӯтоҳ ба воя расида буд, ба консепсияи нави идоракунии давлатӣ, ки дар ин нимҷазира (Арабистон) мавҷуд набуд, шадидан ниёз дошт. Аз ин рӯ, ба қадимтарин анъанаи эронии шарқии (ниёгони тоҷикон) идоракунии давлатӣ аз тарафи дастгоҳи «вазири бузург» (дар «Шоҳнома» инъикос ёфтааст), тақрибан дар тамоми минтақаҳои хилофати азим талабот хеле зиёд буд. Хизмати таърихии Сомониён дар он аст, ки онҳо натанҳо ин назарияи идоракунии давлатиро эҳё карданд, балки онро ба дараҷае муосир гардониданд, ки бисёр унсурҳои он то ба замони муосир расида омадаанд.
Дар ибтидо, хилофати босуръат паҳн шудаистодаи исломӣ, ки, асосан, аз ҳисоби ғаниматҳои ҷангӣ амал мекард, ки ба ғоратгариҳо ва толон тороҷи кишварҳои ҳамсоя бисёр монандӣ дошт, фавран ба ҷорӣ кардани ниҳодҳои давлати бузурги

пешина
аз 335
навбатӣ