Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мутамарказ ниёз пайдо кард. Он ба давраи хукмронии халифаи дуюм Умар ибни Хаттоб (с. 634-644) рост омад, зеро аскарони савораи араб, аллакай, дар шарқ ба паҳноҳои Эрон ворид шуда, дар ғарб ва шимол ба марзҳои империяи Рум (Византия) наздик шуданд. Аз ин рӯ, он «соддагии патриархалӣ, ки «амир-улмуъминин» бо тозиёна дар пушташ рӯзона дар бозор ва шабона аз кӯчаҳои холии Мадина гашта, гунаҳкоронро бевосита худаш ҷазо медод», наметавонист дигар эҳтиёҷоти объективии уммати (ҷамъиятӣ) босуръат васеъ шудаистодаи исломӣ, ҳамзамон хусусиятҳои давлати мутамаркази бузургро қабул мекард, қонеъ намояд.
Баъдан, ин халифа ба таъин кардани қозӣ (довар-мансабдор), ки дар асоси шариат (маҷмӯи дастурамал, ки эътиқод ва арзишҳои маънавӣ-ахлоқии мусулмононро муайян мекарданд) дар шаҳрҳо шуруъ кард. Мувофиқи маълумоти муаррихон дар асоси гузоришҳои муаллифони асримиёнагӣ, қозиёни мусулмон, ки онҳоро халифа ё бо иҷозати ӯ вазир ё ҳокимони вилоятҳо таъин мекарданд, бояд ба талаботи зерин мувофиқ бошанд: ҷинси мард ва синну соли бузург, соҳиби қобилияти комили ақлонӣ, шахси озод (на ғулом), мусулмони содиқу муъмин, надоштани нуқсон дар рӯй ва шунавоӣ (баъзан нобиноӣ сабаби истисно набуд) ва донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳам дар усулҳо, ҳам дар назария ва ҳамчунин дар қисми амалӣ.
Агар халифаи дуюм кӯшиш карда бошад, ки унсурҳои аввалини дастгоҳи давлатиро дар шакли девон эҷод кунад, пас халифаҳои баъдӣ талошҳои ӯро барои ҷорӣ кардани сифатҳои махсуси давлатӣ ба шакли нави давлати теократӣ (хилофати динӣ) идома доданд. Вале халифаҳои Умавиён, ки пас аз чор «халифаи ботақво» сари қудрат омаданд, аслан ҳокимони дунявӣ

пешина
аз 335
навбатӣ