Ҷаҳони Тоҷикон

3.вазири молия бо тафаккури бозоргонӣ (соҳиб-ал-хараҷ) ва 4.амалдори боэътимоди макотиб (соҳиб-ул-барид).
Ба ибораи дигар, дар шумора ва ҳадафҳои девонҳо пас аз ивазшавии ҳукумат дар хилофат аз Умавиён то Аббосиён тағйироти ҷиддие ба амал наомад.
Тавре ки дар боло дида баромадем, нақши калидиро дар ин вазъият як зумра вазирони хирадманди Бармакиён бозиданд, ки дар тӯли зиёда аз ним аср низоми олии давлатдории бузурги мутамарказро, ки ба девонҳои давлатӣ такя мекард, ба вуҷуд оварданд. Тавре мутахассиси олмонӣ таъкид мекунад: «Аввалин (халифаи) Аббосӣ роҳбарии маъмурияти андоз ва молияи тамоми империяро ба форс (аниқтараш ба тоҷик– М.А.), Холид ибни Бармакро, ки исломро қабул карда буд, бовар намуд ва ӯро сарвари умури марказии андоз (девон-ул-хироҷ) таъин намуд.
Пас аз ин мансаби муҳимтарини давлатӣ мансаби вазир буд. Ба назар мерасад, ки пайдоиши он (мансаби вазирӣ- М.А.) аслан форсӣ буда ва танҳо акнун дар байни арабҳо бо Аббосиён пайдо шудааст».
Ин девонҳои такмилёфтаи давлатӣ, ки дар болояшон вазифаи нав-вазири бузург (баромадаш тоҷикӣ) меистод, дар навбати худ як табақаи амалдорони баландихтисосро, ки аз намояндагони намоёни халқҳои зиёд – тоҷикон, арабҳо, туркҳо, суриягиҳо, яҳудиён ва дигарон иборат буд, ба вуҷуд овард. Онҳо на танҳо кори муназзами дастгоҳи давлатии императориро таъмин менамуданд, балки давлатдории ҷаҳони исломро ба сатҳи нави фарҳангии олӣ бардоштанд.
Дар замони охирин халифаи пурқудрати Аббосиён Мутаваккил (с. 847-861), такмили ҳокимияти давлатӣ, ки онро Бармакиён оғоз карда буданд ва ворисони онҳо идома доданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё