Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

давом дода шуд, чунки теъдоди муассисаҳои олии давлатӣ – девонҳо афзуда ба 7 адад расиданд:
1.Девон ал-хироҷ, идораи даромадҳои андоз; 2.Девон ад-дийа, идораи «мулкҳои шоҳӣ (давлатӣ)»; 3.Девон ал-зимом, идораи олии тафтишотӣ; 4.Девон ал-гонд-вал-шакирия, вазорати мудофиа; 5.Девони ал-маволӣ-вал-гилман, дафтари муштариён ва ғуломон (хонаводаи ҳукмрон); 6.Девон ал-барид, идораи мукотибот;
7.Девон зимом-ал-нафақа, идораи баҳисобгирии хароҷот.
Баъди таназзули минбаъдаи нуфузи сиёсии хилофати Аббосиён бо сабаби болоравии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар шарқ ва як қатор дигар давлатҳои ташаккулёфта дар ғарб, бешубҳа, такмили минбаъдаи сохтори ҳокимияти давлатӣ аз Бағдод ба Хуросон ва Варорӯд гузашт.
Амирони машҳури Сомониён ба суннатҳои маҳаллии ҳукуматдорӣ (аз Бохтари қадим, Порт, Кушониён ва ғ.) ва ҷаҳонбинии васеи вазирони барҷастаи онҳо такя карда, тавонистанд, муваффақона, ин масъаларо ҳал кунанд.
Сохти давлатии ба шохаҳо ҷудошудаю мутамаркази Сомониён, дар муқоиса бо Тоҳириён ва Саффориён, ба мо тасвири нисбатан мукаммали давлати тараққикардаи асримиёнагии Осиёи Марказиро медиҳад.
Дар сари давлати Сомониён амири мутлақ меистод, ки «сояи Худо дар замин»-ро таҷассум мекард. Гарчанде ки амирони Сомониён дар назари халифаҳои Бағдод, ки барои идоракунӣ иҷозатнома мегирифтанд, «ҳокими» онҳо буданд, аммо онҳо, бешубҳа, сарварони мустақили давлатҳо дар қаламрави худ буданд. Мувофиқи анъанаҳои маҳаллӣ (тоҷикӣ), амирон ҳамчун

пешина
аз 335
навбатӣ