Ҷаҳони Тоҷикон

«хоҷаҳо»-и хуб ва ғамхор (катхудо), ки доимо дар андешаи ободонӣ ҳастанд, амал мекарданд: барои сохтмон ва нигоҳдории ҳолати хуби иншоотҳои обёрикунанда (каналҳо ва корезҳо) ва пулҳои болои онҳо; бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин (шаҳрҳо, работҳо, қалъаҳо ва ғайра) ва бо биноҳои зебо оро додани онҳо; дастгирии кишоварзӣ ва дигарон ғамхорӣ мекарданд.
Яке аз вазифаҳои муҳими амири Сомониён интихоби шахсони мансабдор ба хайси «вазири бузург» (ё сарвазир) буд, ки ин аз таҷрибаи ҳукмронии «вузург фрамандор»-и давлатҳои тоисломии маҳаллӣ реша мегирифт. Вай ба тамоми низоми сохторҳои саросарии давлатӣ, ки ҳатто дар солҳои ҳукмронии амирони ноболиғ фаъолияти мӯътадили тамоми сохторҳои давлатиро таъмин мекарданд, сарварӣ мекард.
«Давраи тиллоии» Сомониён шуҳрати худро натанҳо бо шарофати салтанати ғамхоронаи амирони фарҳанги володошта, инчунин ба туфайли низоми ҳамоҳангшудаи идоракунии давлат таҳти роҳбарии вазирони донишманд аз хонаводаҳои машҳури Ҷайҳонӣ, Балъамӣ ва Утбӣ ба даст овардааст.
Бояд қайд намуд, ки нахустин вазири бузурги давлати азими Сомониён Абубакр Ҳамид Бухорӣ буд, ки аз аҷдодони охирин марзбони (волии вилояти назди сарҳадӣ) Сосониён дар Марв Маҳувайҳ дар ҳаштумин насл буда, на танҳо дар замони асосгузори давлат, балки дар замони ҳукмронии писари ӯ-амир Аҳмад ва нахустин солҳои ҳукмронии набераи ӯ- амир Насри II идораи давлат дар дӯши ӯ буд. Чун муаллифони асримиёнагӣ таъкид мекунанд: «ӯ зиёда аз 20 сол вазифаи вазири бузургро иҷро намудаст, ки амирони Сомонӣ аз ӯ қаноатманд буда, сарлашкарон ва фуқарои давлат ӯро барои идораи хуби ситоиш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё