Ҷаҳони Тоҷикон

менамуданд». Ин коргузории хуби фаъолияти девонҳои давлатии Сомониён, ки аз тарафи вазири машҳур Абубакр Бухорӣ, ки дар асл аз хонаводаи маъруфи Марв буд, ки оиди фаъолияти писар ва хешовандони ӯ маълумотҳо зиёд аст, аз тарафи вазири дигари машҳури Сомониён- Абуабдуллоҳ Ҷайҳонӣ муваффақона идома ёфт.
Онҳо ба яке аз ду дастгоҳи азими давлатӣ – девонҳо сарварӣ мекарданд, ки шумораи онҳо мувофиқи талаботи давлати азими мутамарказ то даҳ адад расида буд. Коршиносон бо такя ба гузоришҳои муаллифони асримиёнагӣ номгӯ ва самтҳои фаъолияти ин даҳ девонро чунин меоваранд:
1.Девони вазир; 2.Девони «мустауфӣ» (хазинадор), монанд ба девони хироҷи хилофати Аббосиён; 3.Девони «амид-ал-мулк» («сутунҳои давлат»); 4.Девони «соҳиб-уш-шурат» (сардори посбонони амир); 5.Девони «соҳиб-ул-барид» (сардори мукотибот); 6.Девони мушрифон; 7.Девони моликияти худи шоҳ; 8.Девони «муҳтасиб» (назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолияти бозорҳо); 9.Девони «вақф» (моликияти муассисаҳои динӣ);
10.Девони «қозӣ» (додгоҳи исломӣ).
Тавре ки аз ин рӯйхат бармеояд, дастгоҳи саросарии расмиятпарастии Сомониён, бо вуҷуди он, ки бо шохаҳои ҷудогонаи ҳокимият (ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ) ҷудо нашуда буд, дар он даврон намунаи пешрафтатарин дастгоҳи давлатӣ дар ҷаҳони Ислом буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ