Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Девони вазир, зоҳиран, назорати умумиро аз болои тамоми дастгоҳи марказии расмиятчигии аморат, яъне танзими фаъолияти ҳамаи нӯҳ девонро таъмин мекард.
Девони «муставфӣ» (хазинадор), шабеҳ бо девони хироҷи Умавиён ва Аббосиён бо нигоҳдории хазинаи давлат сарукор дошт. Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва хароҷоти манбаъҳои молиявии аморат вазифаҳои асосии ин девон буданд, ки ҳаммонанди вазорати молияи муосир мебошад. Кормандони ин девон (хазинадорон ва ҳисобдорони тобеи онҳо – «муҳосибон») бо таъмини хароҷоти молиявии худи амир, дарбор ва сарбозони ӯ машғул буданд. Муаллифони исломӣ (Низомулмулк) дар мавҷудияти ду хазинадории калон: яктоаш барои ниёзҳои ҷории молиявӣ сарфшаванда ва дувумин захираи дастнорас, хароҷот барои ҳолатҳои фавқулода (ҷанг, хушксолӣ ва ғ.) намунаи беҳтарини давлати устуворро медиданд. Дурустии ин ақидаро мо ҳангоми ивазшавии қудрат ва нооромиҳои соли 942, ки хазинаи Сомониён ғорат карда шуд ва пас аз он бо вайрон шудани низоми пардохти музди артиш, мушкилоти аввалиндараҷаи аморат оғоз ёфт, мушоҳида менамоем. То он вақт, аслан, артиши зархаридон устуворона ҳар семоҳа (дар як сол чор маротиба) маош мегирифтанд ва саривақт нақши худро дар самти ҳимояи кишвар аз ҳамлаҳои беруна ва нооромиҳои дохилӣ иҷро мекард.
Акнун дар артиш норозигӣ ба амал омад, ки яке аз асосҳои давлатро ба иллати набудани захираи фавқулодаи манбаъҳои молиявии аморат суст кард.
Девони «амид-ал-мулк» воқеан шабеҳ ба девони ал-расоили хилофати Умавиён буда, ба таҳияи санадҳои расмии амир машғул буд. Васеъ будани ҳудуди давлат ва низоми серсоҳаи идоракунии он, бешубҳа, аҳамияти ин девонро, ки онро «сутуни давлат»
меномиданд, баланд бардоштааст. Фаъолияти муътадили даҳ девони давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравии фармонҳо ва супоришҳои

пешина
аз 335
навбатӣ