Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

амир ва шахсони мансабдори баландпоя низ нақши ҳамоҳангсозии ин идораро боло мебурд. Чуноне ба мо маълум аст, забони коргузорӣ дар замони амир Исмоили Сомонӣ тоҷикӣ буд ва иваз кардани он ба забони арабӣ сабаби қатли писар-вориси ӯ, амир Аҳмад, гардид. Аз ин рӯ, мо тахмин мекунем, ки забони расмии ҳам ин девон ва ҳам девонҳои дигар (эҳтимолан, ба истиснои масъалаҳои мазҳабӣ) забони тоҷикӣ гардид. Сардори ин девон «хоҷаи амид» аз сабаби аҳамияти муҳими ин идора яке аз мансабдорони асосии аморат маҳсуб меёфт.
Девони «соҳиб-уш-шурат», гарчанде ки он бо мавқеи сардори посбонони мусаллаҳи (тимсоли полис) дар хилофати Аббосиён айният дошт, аммо аз он бо бартарияти сарварони ҳарбии турк фарқ мекард. Тавре ки дар боло дида баромада шуд, дар даври нахустин халифаҳои Аббосӣ ин мансаби муҳимро дар пойтахти хилофат бо навбат намояндагони Абӯмуслим, Тоҳириён ва Саффориён дар дасти худ доштанд. Поён рафтани шумораи нерӯҳои деҳқонони маҳаллӣ (кишоварзон) бо афзоиши ҳамзамони посбонони кирояи хориҷӣ боиси инҳисори ин девон аз тарафи саркардагони турк гашт.
Гарчанде дар ин девон мансаби мулкӣ (ариз) мавҷуд буд, онҳо, асосан, бо пардохти музди меҳнат ва назорати вазъи дуруст дар корҳои артиш банд буданд. Сарфармондеҳони ҳарбии хориҷӣ бо вайрон шудани низоми пардохти музди сарбозон ба баён кардани норозигӣ ва саркашӣ шуруъ карда, бо таҳдиди хатари марговар ба давлат онҳо ба урдугоҳи душман гузаштанд.
Девони «соҳиб-ул-барид» - идораи «сардори мукотибот (почта)» натанҳо ба интиқоли саривақтии фиристодаҳои ҳукумат аз марказ ба минтақаҳо ва баръакс машғул буд, балки боз ҳукумати марказиро, аз ҷумла, амирро, аз вазъи воқеии умури минтақаҳо огоҳ мекард. Тибқи маълумоти таърихнигорон нақши хоси ин девон дар он буд, ки кормандони ин девон дар маҳал ба волиёни амир итоат накарда, танҳо ба ҳукумати марказӣ итоат мекарданд. Ин

пешина
аз 335
навбатӣ