Ҷаҳони Тоҷикон

канорагирӣ аз мақомоти маҳаллӣ ба он мусоидат мекард, ки вазири бузург ва ба воситаи ӯ амир «набзи» воқеии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҳамаи вилоятҳои давлатро саривақт эҳсос мекард. Ба ақидаи онҳо, нуфузи ҳукумати марказӣ ба дараҷае баланд буд, ки ҳокимони маҳаллии амир кӯшиш намекарданд, ки ба кори мансабдорони маҳаллии ин девон тавассути фиристонидани иттилооти дилхоҳи худ ба марказ, таъсир расонанд. Маълумоти дуруст ба марказ ҳатто аз ҳокими вилояти дурдасттарин ва тавонотарини давлат (Хуросон) мерасид.
Девони «мушриф» тимсоли сохтори назоратӣ-тафтишотӣ (идора), мушоҳидаро «аз ҷойи баланд» (марказ), эҳтимол, аз болои хароҷоти маблағи давлатӣ мебурд. Тибқи ахбороти муаррихони асрҳои миёна ва муосир, амалдорони ин девон-мушоҳидон (мушрифон) дар ҳама шаҳрҳо ва ҷойҳо намояндагони худро доштанд, ки онҳо ҳамроҳ бо хазинадорон руйхатти амволи дарборро таҳия мекарданд. Ба андешаи мо, дар тафовут аз хазинадорон, ки барои эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ пул ҷудо мекунанд, нозирон (мушрифон) аз ҷараёни хароҷоти пул назорат мебурданд.
Девони моликияти худи амир (ё заминҳои давлатӣ), эҳтимол дорад, ки сабти маҷмӯи маълумот (кадастр)-и заминҳои давлатӣ ва истифодаи мақсадноки онҳоро пеш мебурд. Тағйирёбии доимии ҳудуди давлат тавассути ҷангҳо, шомил шудани заминҳои нав ё гузаштани заминҳои давлатӣ ба моликияти хусусӣ ба ивази маҳорати ҷангии саркарда ё хизмати шоистаи вазир ё дигар мансабдори воломақом (инчунин) ё ба вақфҳо, ё акси ин кор (ба заминҳои давлатӣ табдил ёфтани заминҳои ҳокимони исёнкор ва ғ.) фаъолияти ин девонро пурмаҳсул менамуданд.
Девони «муҳтасиб» муваззаф буд, ки аз болои тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, ки қоидаҳои меъёрҳои диниву иҷтимоиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ