Ҷаҳони Тоҷикон

риоя намоянд, инчунин, фаъолияти бозорҳо, то, ки муштариёнро фиреб надиҳанд, назорат барад. Тавре муаррихи олмонӣ таъкид мекунад, вазифаҳои муҳтасиб инҳо буданд:
- Дар бозорҳо мушоҳида кунад, ки то мизоҷонро фиреб надиҳанд ва паллаҳои тарозуҳо (вазнҳо) дуруст бошанд.
2.Ҳодисаҳои қаллобӣ ё фуруши молҳои қалбакиро пешгирӣ намояд.
3.Қарздоронро барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон водор созад.
Аммо бояд қайд кард, ки муҳтасиб танҳо бо дархости як тараф дахолат карда, ваколатдор надошт, ки ягон чораи пешгирикунандаро андешад, чунки ӯ иҷозат надошт, ки фармони сирф хусусияти судӣ дошта диҳад .
Вазири машҳури салҷуқиён Низомулмулк дар асари машҳури худ «Сиёсатнома» низ муҳимияти ин мансабро таъкид мекунад:
«Дар кулли шаҳрҳо муҳтасиб таъин карда шавад, ки бигзор ӯ дурустии вазн ва нархҳои таъиншударо санҷад, тиҷоратро мушоҳида намояд, то ки ҳамаш дуруст бошад. Бигзор муҳтасиб ҳама чизро, новобаста аз он, ки молҳо аз куҷо оварда шуда, дар бозорҳо ба фурӯш гузошта мешаванд, назорат кунад, то молҳо қалбакӣ набошанд, то вазнҳои тарозу дуруст бошанд; бигзор муҳтасиб барои чизи раводошта иҷозат диҳад ва чизи нораворо манъ намояд. Ҳоким ва амалдорони ҳукумат мусоидат намоянд, ки вай эътибор дошта бошад, яъне ин яке аз қоидаҳои давлатдорӣ, нишонаи хирадмандӣ мебошад; агар камбағалон ба мусибат дучор шаванд, аҳли бозор бо хоҳиши худ хариду фурӯш кунад, молпарастӣ хуруҷ намуда, бадахлоқӣ авҷ мегирад, ҳидоятҳои шариат маънои худро гум мекунанд. Ин корро ҳамеша ба ӯҳдаи яке аз шахсони боэътимоду наздики ҳоким, ё ба хидматгори ӯ, ё ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ