Ҷаҳони Тоҷикон

турки солхӯрда вогузор менамуданд, ӯ ягон гузашт намекард ва аз ӯ ҳам ашрофон ва ҳам мардуми оддӣ метарсиданд» .
Девони «вақф» (Идораи моликияти муассисаҳои динӣ). Вақфҳо дар ҳуқуқӣ исломӣ амволе мебошад, ки аз ҷониби давлат ё шахс бо мақсади динӣ ё хайрия ба муассисаҳои динӣ (масҷид, мадраса ва ғ.) дода мешаванд. Вақф метавонад амволи ғайриманқул ва манқулро низ дарбар гирифта, аммо танҳо фоидаовар (даромаднок) ва харҷнашаванда (мадраса, работ, корвонсарой ва ғ.) бошад. Шахсе, ки молу мулки худро ба вақф бахшидааст, муассиси вақф номида мешавад. Ин навъи моликият, ки аз ибтидои олами ислом пайдо шудаст, баъдан васеъ истифода шуда, ба тамоми гӯшаҳои хилофат паҳн гардид. Дар давраи ҳукмронии Сомониён ба дараҷае расид, ки барои танзими муносибатҳои вақфӣ як идораи алоҳидаи давлатӣ таъсис дода шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли зиёд, ин девон пас аз пошхӯрии давлати Сомониён барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба девони қозӣ дода шуд.
Девони қозӣ- (додгоҳи исломӣ)-ро қозӣ сарварӣ мекард, ки бархе аз коршиносон ӯро бо мансаби мубади мубадон (саркоҳини зардуштиҳо) дар давлати пеш аз исломии Эрон муқоиса мекунанд.
Чуноне дар боло баррасӣ шуд (дар зербоби қаблӣ), қозиҳои мусулмон аввалин бор аз ҷониби халифаи дуввуми мусулмонон (Умар) таъин карда шуданд. Ба эҳтимоли зиёд, мансаби қозии олимақом (қози калони давлат)-ро халифа Ҳорунаррашид дар нимаи дуюми асри VIII муқаррар кардааст. Тавре дар боло ишора шуд, яке аз шогирдони асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа Абу Юсуф яке аз аввалинҳо шуда мақоми олии «қозии қузот» (суди олии хилофат)-ро ба даст овард. Инчунин, ба вай супориш дода шуд, ки аз номи халифа тамоми қозиёни хилофатро таъин кунад ва аз болои ҳалномаи онҳо шикоят қабул кунад. Ҳамин 1Низамул-мулкСиасет-наме. (пер. Б.Н. Заходера). -М.: АНСССР, 1949.// http://www.vostlit.info/Texts/rus10/Siaset_name/frametext2.htmсанаи мурочиат 27.09.2020.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ