Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шаҳр фиристодан ба Наср муроҷиат карданд. Исмоилро ба ин шаҳр бидуни лашкар фиристоданд, ки ӯ то соли 892 ноиби бародари худ Наср дар Бухоро буд. Даъвати Исмоил ба ҳукмронӣ кардани шаҳр аз ҷониби аҳолии он бо сардории садрҳои Бухоро (сарони рӯҳонии шаҳр) ва ба сари ҳокимият омадани ӯ бе хунрезӣ ба шаҳр минбаъд дар баланд шудани мавқеи ин табақа(садрҳо) нақши калидӣ бозида, тамоми сулолаҳои баъдӣ, ки то замони муосир дар Варорӯд ҳукмронӣ мекарданд, мавқеи онҳоро эҳтиром мекарданд.
Ин асосгузори воқеии қудрати сулолаи Сомониён Амир Исмоил маркази идоракунии Варорӯдро аз Самарқанд, ки калони хонадон Наср нишаста буд, пас аз муқовимати мусаллаҳона ба Бухоро кӯчонд. Тафовути ӯ аз Наср дар он буд, ки агар бародараш ҳамчун ватандӯсти Варорӯд амал мекард, пас доираи назари Исмоил боз ҳам васеътар ба назар мерасид, зеро ӯ ваҳдати фарҳангии ин кишварро (Варорӯд) дар ваҳдати ҷудонопазир бо Хуросон дарк карда буд. Вай вазифаи таърихии худро дар расидан ба ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Варорӯд ва Хуросон медид. Ин минтақаи дуранга, дар гузашта ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ ба қисматҳои зардуштӣ, буддоӣ, масеҳӣ ва бутпарастӣ тақсим шуда, мунтазири соати ягонагии бузурги худ буд, ки пас аз он ба тамоми ҷаҳон самараи беназир дод, ки дар ҷаҳон бо номи «Эҳёи исломӣ» (Ренессанси мусулмонӣ) маълум гашт. Аз ин рӯ, муқобил истиҳои ӯ бо бародараш Насрро бояд на аз нуқтаи назари баҳсҳо дар бораи андозбандӣ, балки ба маънои васеътар, дар омода кардани заминаҳои муттаҳид кардани Хуросон ба Варорӯд, ки аз Бухоро татбиқ карданаш қулайтар буд, баррасӣ кард. Ин ақида ба таври ғайримустақим тасдиқ кардани ҳақиқати таърихист, ки пас аз пирӯзӣ дар майдони ҷанг бар ҳокими Самарқанд ба ӯ на ҳамчун маҳбус, балки ба хокими худ муносибат

пешина
аз 335
навбатӣ