Ҷаҳони Тоҷикон

Мувофиқи маълумоти муаррихон, баъди тасарруфи мулки Саффориён аз тарафи Сомониён ҳокими Табаристон Муҳаммад ибни Зоҳид даъвогар шуд. Фармондеҳи амир Исмоил Муҳаммад ибни Ҳорун, ки бар зидди ин исёнгар фиристода шуда буд, тавонист моликияти ӯро ғасб кунад. Аммо, ин фармондеҳ бар зидди амири худ шӯриш бардошт ва ҳатто илова бар ин Табаристон ва минтақаи Райро забт кард. Амир Исмоил маҷбур шуд худаш лашкарро роҳбарӣ карда, на танҳо фармондеҳи саркашро ором кунад, балки Рай ва Қазвинро забт карда, ҳудуди ғарбии кишвари азими худро шахсан муқаррар намояд.
Пас аз бозгашт аз юришҳои тӯлонии низомӣ, ки боиси барқарор шудани марзҳои давлати ӯ, ки такягоҳи он Варорӯд ва Хуросон буд, вай ба рушди робитаҳои мустаҳками дохилии худ оғоз кард ва ба таҳияи чунин стратегияе шуруъ намуд, ки минбаъд амирон ва вазирони барҷастаи хонадони Сомониён идома доданд.
Муаллифони «Таърихи Кембриҷи Эрон» дар асоси санги тарозуи бо номи Амир Исмоили Сомонӣ ёфтшуда эътироф мекунанд, ки ӯ ченакҳоро дар минтақаҳои худ ягона кардааст ва инчунин бо назардошти пешгирии тамоюлҳои ҷудоихоҳӣ аз амалияи мустаҳкам кардани девори атрофи шаҳрҳои калон (Бухоро ва ғ.) дар доираи давлати азимаш даст кашид. Маълум аст, ки ягона сохтани вазн ва чораҳое, ки дар қаламрави тамоми давлатҳои навтаъсис татбиқ карда мешаванд, масалан, дар Чини қадим дар замони императори аввал Ши Хуандӣ ё империяи Рим дар саҳми таърихии онҳо доир ба таҳкими қувваҳои марказшитобу муттаҳидкунанда яке аз нақшҳои асосиро мебозад.
Низомулмулки машҳур дар асари маъруфи худ «Сиёсатнома» одати аҷиби Исмоили Сомониро қайд мекунад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё