Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар фасли зимистон пас аз намози пешин дар рӯзҳои ҳавои номусоид (вақте барфи зиёд меборид), савора аз ҳавлӣ баромада, одамонеро, истиқбол мекард, ки барои муроҷиат ба наздаш омада буданд ва ҷиҳати ҳалли шикояту хоҳишҳои онҳо мусоидат менамуд. Чунин ғамхории аз ҳад беш, ки нисбати фуқарои кишвар дар ибтидои асри Х дар Варорӯд зоҳир мегардид, на танҳо барои сарони давлатҳои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон намунаи ибрат аст.
Бояд қайд намуд, ки агар амирони Сомонӣ худро ворисони сарлашкари машҳури эронитабор (сосонӣ) Баҳром Чӯбина шуморанд, нахустин вазири бузурги ин сулола Абубакр Муҳаммад Ҳомид аз хонаводаи охирин марзбони (ҳокими вилояти сарҳади) давлати Сосониён дар вилояти Марв Маҳувайх ба ҳисоб меравад. Ин вазири тадбиркор на танҳо вазири бузурги амир Исмоил, балки вазири писари он Аҳмад буда, танҳо дар солҳои аввали набераи Исмоил Насри II мақоми худро ба яке аз вазирони машҳури ин сулола- Балъамӣ додаст. Ба ибораи дигар, таҷрибаи дарёфт ва ба вазифаи муҳими давлатӣ мондани вазирони соҳибтаҷрибаи замона, ки девони вазирони кишварро моҳирона идора мекард, низ аз амир Исмоил оғоз меёбад.
Амир Исмоили Сомонӣ 24 ноябри соли 907 вафот кард ва дар мақбарааш, ки то имрӯз боқӣ мондааст, дар маркази шаҳри Бухоро дафн карда шуд. Ин мақбараи Амир Исмоили Сомонӣ, бо вуҷуди хурд буданаш, на танҳо таҷассумгари бузургии меъмории Варорӯду-исломӣ, балки баръало ёди воқеии давраи тиллоии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

пешина
аз 335
навбатӣ