Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

3.Амир Аҳмади Сомонӣ (с.907- 914). Пас аз марги падари бузургаш, амир Аҳмади Сомонӣ ба тахт нишаст ва ӯ дар муддати ҳукмронии кӯтоҳаш барои мустаҳкам намудани қудрати сулолаи пуршарафи худ кӯшиш ба харҷ дод. Ба ӯ зарур буд, ки корҳои падари худро дар мубориза бо хонадони Саффориён ба анҷом расонад, зеро амири Саффориён Амр аз тарафи амир Исмоил мағлуб гардида, заминҳои дар шарқи хилофат будааш ба хонадони Сомониён дохил шуд, аммо намояндагони дигари ин хонадон дар ватани хурди худ – Систон ҳукмрониро идома медоданд. Аз ин рӯ, ӯ тамоми диққаташро ба пайвастани ин минтақаи қадимаи таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон ба давлати Сомониён равона кард, то амнияти давлатро аз ҷанубу ғарб, ки дар он ҷо яке аз таҳдидҳои асосӣ дар солҳои аввали ташаккулёбии он ба амал омада буданд, таъмин намояд. Соли 911, ӯ ин минтақаро, ки ба уқёнуси Ҳинд мебаромад, комилан забт карда, таҳти тобеияти худ намояндагони ин оилаи тавоноро ҳамчун қудрат боқӣ гузошт.
Дар ин вақт, минтақаи ғарбии Табаристон бори дуюм аз дасти Сомониён аз сабаби исёни зайдитӣ (шиагӣ) бо сарварии Насри Кабир ҷудо шуд. Дар давраи омодагӣ ба пахш кардани исён бар зидди амир Аҳмад Сомонӣ, ходими ӯ нисбаташ сӯиқасд кард. Ин ходими равшанфикри амир, аз бозгашти амалияи истифодаи забони арабӣ ба ҷойи забони тоҷикӣ, ки падари амир ҷорӣ карда буд, норозӣ буда моҳи январи соли 914 ҳангоми хоб дар урдугоҳ дар наздикии Бухоро сарашро аз тан ҷудо кард.
Чунин ҷинояти фавқулода алайҳи хоҷаи худ, аз ҷумла, аз он шаҳодат медиҳад, ки мансабдорони маҳаллӣ, ба эҳтимоли зиёд, аз ҷорӣ намудани амалияи васеи истифодаи забони модарӣ (тоҷикӣ) дар кори идораи як давлати бузург аз тарафи Исмоили Сомонӣ чунон рӯҳбаланд гардидаанд, ки бозгаштан аз ин анъана

пешина
аз 335
навбатӣ