Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

падараш, ки ҳатто тангаҳои худро ба сикка задан оғоз намуданд, пахш карда шуданд ва минбаъд бародарони саркаши амир торумор карда шуданд.
Кори бонизоми сохторҳои ҳукуматӣ дар шакли девонҳои давлатӣ бо сарварии вазирони соҳибмаърифат Ҷайҳунӣ (солҳои 914-922 ва 938-941) ва Абуфазли Балъамӣ (с.922-938) на танҳо ба фуру нишондан ошӯбҳои хешовандони амир ва дубора тобеъ кардани онҳое, ки аз минтақаҳои аз тобеият саркашикарда имкон дод ва аз ҳама муҳим, парвози фарҳанги мусулмононро ба қуллаҳои баланд тавассути дастгирии густурдаи «аҳли қалам»
(мутаффакирон, шоирон, олимон ва диг.) таъмин карданд. Ин парвоз то имрӯз дастнорас боқӣ мондааст.
Ин фаъолияти хуби ҳамоҳангии девонҳои давлатӣ ва «асри тиллоӣ»-и ояндаи Сомониёнро худи амир Наср, ки ба ғояҳои карматӣ (шиагӣ) дода шуд, каме халалдор кард. Ин иштиёқмандии амир ба норозигии руҳониёни содиқ бо сардории садрҳои Бухоро ва муридҳои содиқи нави онҳо дар симои посбонони туркии горди амир гардид. Ҳукмронии тақрибан сисолаи амири чоруми Сомониён Насри II қариб бо табаддулоти ҳарбӣ ба охир мерасид. Писари амир Нӯҳ, соли 943 дар қаср дар қабули дарборӣ аз омодагии табаддулоти ҳарбӣ огоҳ шуда, барои бартараф кардани он чораҳои қатъӣ андешид ва ҳамзамон ба ҳозирон ваъда дод, ки таблиғоти шиаҳо дар давлат аз байн бурда хоҳад шуд. Ӯ падарашро, ки нуфузи худро аз даст дода, ба мафкураи бегонагон иштиёқманд шуда буд, барканор кард ва вай ба зудӣ вафот кард.

5.Амир Нӯҳи Сомонӣ (943-954). Амири нав Нӯҳ Сомонӣ 10
апрели соли 943 пас аз вафоти падараш ба тахт нишаст. Падараш

пешина
аз 335
навбатӣ