Ҷаҳони Тоҷикон

ба ӯ мероси мураккабе гузошт, зеро иштиёқи ӯ ба карматия (ҷунбиши шиаҳо) механизми муҳимми ҳамоҳангии (гармонияи) ҷамъиятии байни ҳукумат ва аҳолӣ, бо роҳбарии руҳониёни анъанавиро вайрон кард. Акнун амири нав барои барқарор кардани ҳамоҳангии аздастрафта маҷбур буд, ки бар зарари як ходими давлатӣ бо тафаккури мулоҳизакорона намояндаи руҳониёнро ҳамчун вазири давлат таъйин кунад. Интихоб ба фақеҳи обрӯманд Абулфазл Муҳаммад ал-Суламӣ афтод, ки бо тақводории аз ҳад зиёди худ фарқ мекард ва машғулиятҳо диниро аз корҳои давлатӣ авлотар медонист. Ин вазъ, эътимоди руҳониёни қудратмандро ба мақомот ҷуброн карда, фаъолияти бонизоми девонҳои давлатиро ба роҳ монда наметавонист.
Масъала боз аз он ҷиҳат мураккабтар шуд, ки як сол қабл аз ба тахти амири нав ворид шудан (с. 842), хазинаи аморатро ғорат карданд, ки ин боиси вайрон шудани пардохти мунтазами музди лашкари амир гардид. Пардохти номунтазам дар навбати худ ба афзоиши норозигии артиш оварда расонд, ки василаи асосии оромии ҷомеа ва ҳифзи марзҳои давлат буд. Вазири нав ал- Суламӣ, ки хидмати Худои қодири мутлақро нисбат ба хизмат ба халоиқ авлотар медонист, аз ин вазъи мураккаби давлатӣ ва сари вақт таъмини пардохти музди лашкар баромадан натавонист.
Мушкилоти молиявии давлат дар навбати худ боиси афзоиши андозҳо ва хироҷ гардиданд. Барои ба эътидол овардани вазъи корҳо дар давлат, амир маҷбур шуд, ки ба кӯмаки гурӯҳи низомӣ муроҷиат кунад ва вазири парҳезгору беҳунар пас аз се соли ҳукумати бесамар бо намояндаи гурӯҳи низомӣ Алӣ ибни Хамуй иваз карда шуд. Аммо ин вазири парҳезгорро аз қатли хунини шӯришчиёни аз байни артиш наҷот надод. Солҳои минбаъдаи ҳукмронии ин амир ба ҳифзи қудрати мутамарказ тавассути ором кардани яке аз ҳокимони шуҳратпарасти худ (Хуросон) Абуалӣ Чағонӣ, ки на танҳо минтақаи худ, балки дигар минтақаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё