Ҷаҳони Тоҷикон

Кӯҳистон баргардад ва дигар роҳбарони низомӣ, аз ҷумла мураббии собиқи падари амир Фоиқ маҷбур шуданд, ки бо мухолифони саркаши амир ба ғарб бар зидди Оли Бӯйя ба ҷанг раванд. Дар моҳи марти соли 982 лашкари хуросонии Сомониён аз Оли Бӯйя шикаст хӯрд, ки танҳо марги ҳокими ин давлат Хуросонро аз ҳуҷуми лашкари онҳо наҷот дод. Дере нагузашта дар Марв артиши нав сафарбар карда шуд, ки вазир Утбӣ ба он ҷо рафт, ки аз дасти қотилони Фоиқ кушта шуд. Мувофиқи маълумоти муаррихони асрҳои миёна, Утбӣ охирин намояндаи вазирони барҷастаи Сомониён (ба монанди Ҷайҳонӣ ва Балъамӣ) бо муносибати давлатӣ ба ҳалли корҳо буд. Дере нагузашта Абуҳасан Симҷурӣ ва Фоиқ беибоёна ба корҳои давлатӣ дахолат мекарданд. Баъдтар баҳори соли 989 Абулҳасани Симҷурӣ вафот карда, писараш Абуалӣ, ки аз падараш қобилиятноктар ва шуҳратпарасттар буд, меросашро соҳиб гардид. Вай аллакай бо сарлашкар Фоиқ барои бартарӣ дар аморат мубориза бурда, ӯро мағлуб карда, маҷбур кард ба Марврӯд ақибнишинӣ кунад. Барои хидматҳояш ӯ ба илова ба худ заминҳои васеъро дар соҳили рости Амударё гирифт. Дар солҳои охири ҳукмронии Нӯҳ II давлати муқтадири Сомониён рӯ ба ба таназзул ниҳод. Амир Нӯҳи II 23 июни соли 997 даргузашт.
Ба сабаби набудани вазирони бомаҳорати давлат, ки ба фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатӣ, аз ҷумла сарбозони он моҳирона назорат мекарданд, амирони нотавон тадриҷан сифатҳои пешгузаштагони худро дар ҳифзи ягонагии қудрати кишвари азим гум карда, вай ба майдони муқовимати байни сарлашкарони шуҳратпарасту ҷудоиҳох табдил ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё