Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

асосгузори давлати Шайбониён, тааълуқдошта меҳисобанд, омадааст, ҳамсари яке аз пешгузаштани ӯ хон Минг-Тимур духтари Чанди-бек аз авлоди Исмоили Сомонӣ будааст. Яъне баъди се садсола аз таназзули давлати Сомониён шуҳрати онҳо на танҳо дар Варорӯд, балки дар Турони беканор (ҳатто дар байни кабилаҳои зиёди бадавӣ низ) боқи мондааст.
Дар ин давраи ҳукмронии амирони Сомониён Варорӯд ва Хуросон аз музофоти шарқии минтақаи муборизаи мусулмонон бо кофирон (“дар-ал-ҳарб”) ба як минтақаи хеле фарҳангии хилофати азим мубаддал гаштанд, вақте ки маркази аморат, Бухорои шариф метавонист ҳатто ба Бағдоди афсонавӣ рақобат кунад. Пойтахти хилофат, ки болоравии бесобиқаи худро дар солҳои аввали ҳукмронии халифа Ҳорун ар-Рашид аз сар гузаронд, ба шарофати рисолати фарҳангии Бармакиён донишманд тадриҷан авлавияти фарҳангии худро ба шаҳрҳои шарқӣ, ба монанди Марв, Нишопур, супурд. Дар даврони Сомониён Бухоро ба яке аз марказҳои фарҳангии ҷаҳони мусулмон аз дашти Турфани чинӣ то Толедои испанӣ мубаддал гашт.
Бояд гуфт, ки давлати Сомониён аз ду давлати аввалини марказонидашудаи минтақа (Варорӯд ва Хуросон), Портии Кабир (Аршакиён) ва Кушониёни Бузург, ки қаблан ниёгони халқи тоҷик бунёд карда буданд, дар он тафовут дошт, ки садоқати он ба пойтахти аввал беандоза буд ва онро ба шаҳрҳои дигар набурд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Аршакиён (пешвоёни қабилаи даҳи иттиҳодияи қабилаи массагетҳо) шаҳри Нисоро (дар наздикии шаҳри Ашқободи муосири Туркманистон) пойтахти аввалини худ интихоб карда, сипас онро ба Рай (наздикии Теҳрони муосир) интиқол доданд ва, дар ниҳоят, дар соҳили дарёи Фурот мавқеашонро устувор карда, пойтахти нав – Тайсафунро таъсис доданд. Кушониён бошанд,

Материалы по истории казахских ханств XV—XVIII веков. (Извлечения из персидских и
тюркских сочинений). Алма-Ата, 1969. С. 35 пойтахти аввалини худро дар шимоли Бохтар (қаламравҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) таъсис дода, сипас онро ба дохили Афғонистони муосир (Бағром ва Қандаҳор) интиқол доданд.

пешина
аз 335
навбатӣ