Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тахайюлиро»-ро ба вуҷуд оварданд (Б. Андерсон). Ин «ҷомеаи тахайюлӣ» аз он раванди ягонагӣ ташаккул ёфт, вақте ки дар тамоми гӯшаҳои қудрати азим тамоми сокинон (бидуни истисно) на танҳо бо офаридаҳои ҷовидонии гузаштагони худ ошно буданд (алалхусус, «Хвадай-намак» – пешгузашта аз “Шоҳнома”), балки инчунин шабҳои эҷодӣ (назмӣ, фолклорӣ) ташкил карда, давраи қаҳрамонии пешазисломии ҳаёти гузаштагони шарифи худро якҷоя ситоиш мекарданд.
Чун мутахассиси ватанӣ С.С. Ятимов таъкид кардааст: «Чун дар натиҷаи муборизаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, дар нимаи дуюми асри ІХ салтанати аҷнабиён шикаст хӯрд, ҳамзамон ҷараёни давлатсозии миллати тоҷик, ки тавассути ғасби ин сарзамин қатъ гашта буд, дар асри Х ҷамъбасти раванди дуру дарози он ба вуқӯъ пайваст. Адабиёти тоҷик бо тамоми неру барои пойдорӣ ва бардавомии ин давлат кӯшишҳои бесобиқа кард. Дар арсаи майдони адабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Хусравонӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Робиаи Балхӣ ва даҳҳо дигарон ворид гаштанд. Хизмати бузурги ин нобиғагон иборат аз он буд, ки ҳарчӣ зудтар забони ноби тоҷикиро бо тамоми имконоте, ки дар тӯли асрҳо захира карда буд, барқарор созанд. Ба он қувват бахшанд. Онро аз истилоҳоти бегона пок намоянд. Қудрати суханеро, ки миллатро ба истиқлолият, давлатдории мустақил расонид, дар намоиш гузоранд. Забони шевои тоҷикиро дар тамоми гӯшаву канор, дар миёни худиву бегона танинандоз кунанд.
Дар кулли давраҳои таърихӣ, дар адабиёти тоҷик назм бар наср бартарӣ дошт. Ин навъи бадеӣ арсаи ҳақиқии нишон додани

пешина
аз 335
навбатӣ