Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тавонмандии дарк, эҳсоси паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва қудрати тасвири он гардид».
Ин авҷи оммавии ташаккулёбии мардуми тоҷик бо дастгирии қавии давлатӣ, бо муҳити аз ҷиҳати иқтисодӣ осудаҳолона ва заҳмати монданашавандаи зиёиёни нав (ташаккулёбанда) он фазои гудозандаеро ба вуҷуд овард, ки дар он рӯҳияи олии шоирона ва майл ба хизмати баландихтисоси давлатӣ пухта шуда буд. Ба ин сифатҳо на танҳо дар давлати соҳибмаърифати Сомониён, балки дар тамоми қаламрави ворисони он (баъзан минтақаи аз Осиёи Марказӣ берун ва минтақаҳои ҳамсарҳад) то оғози Замони Нав (то аввали асри ХХ) ниёз доштанд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти асосноки ибтидоии амирони Сомониён, ки ҳамчун як фишанги тавонои пайдоиши халқи тоҷик комилан мутобиқ баромад карда, ба ин васила дар таҳия ва татбиқи яке аз ҷузъҳои сохтории Стратегияи онҳо «Кашфи ҷаҳони тоҷикон» нақши калидӣ бозид. Кушодии халқи тоҷик ба тамоми халқҳои атроф аз равандҳои ҳукмрони ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар шарқи ҷаҳони ислом вобаста буд:
Пайвастани (синтези) тоҷикӣ-туркӣ, ки аз давраи таъсиси Хоқони туркӣ (нимаи асри VI) сарчашма мегирад, шакли нави ҳамкориҳоро гирифт, зеро дар ин даврон тоҷикон дар байни қабилаҳои сершумори туркӣ ҳамчун мубаллиғони дин ва фарҳанги ислом баромад карда, онҳоро аз ҳар ҷиҳат ба оғӯши ҷаҳони бузурги ислом ҷалб карданд. Қабилаҳо ва қавмҳои сершумори туркӣ, ки тадриҷан ба ҷаҳони мусулмон ворид мешуданд, ба зудӣ ба муҳофизони асосии он дар минтақаҳои гуногуни Авруосиёӣ васеъ табдил ёфтанд. Маҳз туркҳо бори нахуст тамоми мардуми муқимиро, ки исломро қабул кардаанд, «тоҷикон» номиданд.

Ятимов С.С. АДАБИЁТ ВА ДИАЛЕКТИКАИ ҲАЁТ (масъалаҳои назариявӣ).// https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoilii-timo-va-sijos/adabijot-va-dialektikai-ajot-mas-ala-oi-nazariyav.html санаи мурочиат 20.08. 2022

пешина
аз 335
навбатӣ