Ҷаҳони Тоҷикон

БОБИ II. СОХТОРИ Бидуни истисно, тамоми муҳаққиқони Варорӯд ва Хуросон, ки беш аз ҳазор сол ин ду минтақаи ягонаро (бо ҳавзаи дарёи бузурги Амударё як шудааст) таҳқиқ мекунанд, аз асрҳои миёна аз таҳқиқгарони тоҷикӣ-арабӣ сар карда то муҳаққиқони муосир (ҷаҳонӣ), эътироф мекунанд, ки давраи Сомониён бо пойтахташ Бухоро, даврони «асри тиллоӣ»-и Осиёи Марказӣ аст. Онҳо дастовардҳои баланди фарҳангии давлати Сомониёнро бо ташбеҳҳои баланд: «Бухоро гунбази фалак аст» (Рӯдакӣ), «Бухоро гунбази Ислом» (Ҷувайнӣ), «Нашъунамои забон ва адабиёти нави форсӣ» (Ричард Фрай), «Гул-гулшукуфии Осиёи Марказӣ»
(Фредерик Старр), «Нашъунамои адабиёти бадеӣ ва илмӣ»
(Оранский Иосиф), «Фарҳанги Сомониён-алмос» (Лев Гумилев) тасвир мекунанд.
Чӣ гуна онҳо дар тӯли каме бештар аз сад сол ба ин хулосаи якдилона ва ҳамаҷонибаи ҳам муаллифони асрҳои миёна ва ҳам муосир муваффақ гардиданд?
Дар таърихи Турон ва Хуросон як қатор рӯйдодҳои калидӣ («замони меҳварӣ») мавҷуданд, ки симои иҷтимоию сиёсии онҳоро ба куллӣ дигаргун карданд: нахустин рӯйдод муқовимати дарозмуддати Эрону Турон мебошад, ки овозаи он то замонҳои таърихӣ (забти минтақаи Варорӯд аз ҷониби Ҳахоманишиҳо) расида буданд, баъдтар ин ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ва эҷоди салтанатҳои Юнону Бохтар аст; ташаккулли давлатҳои бузурги Порти Кабир ва Кушониён, дуто аз панҷ империяи ҷаҳонӣ дар ибтидои қарни мо (ҳамроҳ бо Рим, Хан (Чин) ва империяи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё