Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бодиянишини хуннҳо), инчунин ҳуҷуми дар ибтидо Хокони туркӣ (аз нимаи дуюми асри VI) ва арабҳо (аз аввали асри VIII). Ба ин рӯйхат муҳорибаи ибтидои асри Х (900) байни амир Исмоили Сомонӣ ва амир Амри Саффорӣ, намояндагони барҷастаи ду минтақаи таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик – Суғд ва Систон дохил мешаванд. Аввалӣ ватани нахустин пайғамбари (зардуштӣ) Зардушт ва дувумӣ ватани қаҳрамони афсонавии тоҷик – Рустам (Сагзӣ) мебошад. Ин набард, ки аз нигоҳи тактикӣ ҳамчун мубориза байни ду сохтори давлатии тоҷикон барои ичозатномагири аз халифаи Бағдод ҷиҳати қудрат дар Хуросон баррасӣ мешуд, оқибатҳои амиқтар дошт: кадоме аз ин минтақаҳои таърихию фарҳангӣ дар дурнамои таърихи халқи тоҷик дар таърихи шарқи босуръат инкишофёбанда афзалият хоҳад дошт. Саффориёни Систон, минтақаи ҷанубии канории тоҷикон, ки ташаббусро аз хонаводаи пурқудрати дигари Хуросон – Тоҳириён ба даст гирифта буданд, ба хонаводаи дигари абарқудрати Варорӯд (ва Бохтар) - Сомониён, ситезаҷӯӣ карда, нақши дуюмро дар шарқи ислом ҳаргиз таҳаммул карда наметавонистанд.
Ғалабаи Сомониён бо пойтахташ дар Бухоро дафъаи аввалу охир ин минтақаи бостониро дар таърихи минбаъдаи халқи тоҷик дар нақши аввал (асосӣ) гузошт. Агар, қаблан, ин ё он минтақа (Хоразми бостонӣ, Бохтари қадим, Порт, Кушониён ва дигарҳо) дар баъзе давраҳои таърихӣ ба минтақаҳои дигари тоҷикон ҳукмфармо буд, ҳоло якбора ва барои ҳама даврон Суғд дар аксарияти соҳаҳои фаъолияти мардум (аз назм то малакаи идоракунии ҳукумат) ташаббусро мустаҳкам ба дасти худ гирифт ва то замони муосир нигоҳ дошт.
Ҳангоми ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён вазъ дар шарқи ҷаҳони ислом: дар Турон ва Хуросон то андозае ба эътидол

пешина
аз 335
навбатӣ