Ҷаҳони Тоҷикон

«халқи китобдор» мубаддал гаштанд, ба тарҷумаи анъанаҳои чандинасраи шифоҳии худ шуруъ карданд, ки ҳоло забони тоҷикӣ ва бахусус, адабиёти он ба қуллаҳои бемислу монанд расидааст.
Ҳама ин ҷидду ҷаҳди азими халқи тоҷик, ки ташаккулёбии халкиашро акнун ба анҷом расонидаанд, бо роҳнамоии дақиқи амирони шарифи Сомониён ва вазирони хирадманди онҳо ғояи беназире ба вуҷуд оварданд. Кушода будани халқи тоҷик, ки дар қалби қитъаи паҳновари Авруосиё ҷойгир аст, тамоми дастовардҳои фарҳангии халқҳои ҷаҳонро таҷассум менамояд, ки ҷамъбасти он дар паноҳи тамаддуни баландфарҳанги исломӣ ҳамчун зарфе, ки тамоми намунаҳои беҳтарини ҳамзистии осоишта ва пурсамари халқҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои атрофи онро гирд овардааст.
Тавре маълум гардид, дар тӯли зиёда аз як асри ҳукмронии Сомониён чунин як стратегия таҳия ва амалӣ карда шуд, ки мо онро «Ҷаҳони Тоҷикон» меномем, ки ҳадди ақал аз 7 ҷузъҳо иборат аст:
1.Додани мақоми забони давлатӣ ба забони тоҷикӣ (тоҷикӣ- (форсӣ –дарӣ)); 2.Тақвияти шакли дунявии идоракунӣ (аморат/салтанат) дар ҷаҳони ислом; 3.Таъмини мақоми вазири бузург ва «Девони вазирон» ҳамчун навъи мӯътадили идоракунии ҳукумат; 4.Густариши шохаи ҳанафии исломи суннӣ дар ҷаҳон; 5.Пешбурди сиёсати «синтези тоҷикӣ-туркӣ»; 6.Васеъ намудани амалияи сарпарастӣ нисбати «аҳли қалам»; 7.Ҳимоя ва сарпарастӣ дар Шоҳроҳи абрешим.
Таҳия ва амалисозии ин сиёсат, ки дар он ҳамаи қисматҳои таркибии он бо ҳамдигар ба тариқи аҷибу ғариб ҳамкорӣ мекарданд, натанҳо анъанаҳои даврони асосгузорон - падарон (Сомониён)-ро идома дод, балки муҳимтар аз ҳама, моҳиятан ҳамчун «кафолати наҷот» мавҷудияти осоишта, баъзан имтиёзноки мардуми тоҷикро то ибтидои асри ХХ таъмин намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё