Ҷаҳони Тоҷикон

2.1. Мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии
давлатӣ
Тавре ки дар боло дида баромада шуд, тоҷикон-хуросониён ва бохтариён дар сафи пеши табдил ёфтани дини нав– ислом аз дини сирф қавмӣ ба дини ҷаҳонӣ қарор дошта бошанд ҳам, вале забони худро дар артиш (Абумуслим) ва дар нахустин давлатҳои этносулолавӣ (Тоҳириён ва Саффориён) ҳамчун «гавҳараки чашм» ҳифз намуданд. Сомониён на танҳо ин анъанаи пуршарафро идома доданд, балки ба он чунин қудрат ва устуворӣ ато карданд, ки дар тӯли садсолаҳо анъанаҳои падарони бунёдгузори худро идома доданд.
Зардуштия ҳамчун дини марказии ниёгони тоҷик бо интиқоли шифоҳии иттилоот, мутаассифона, ба ҳифз ва афзун намудани тамоми бағоҷи азими таърихӣ ва фарҳангии онҳо зарари калон расонд, зеро ин шакли инъикоси равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, равияҳои фарҳангию иқтисодӣ то вақти тасдиқи хаттии онҳо бесарусомонӣ ва номуайяниҳоро ба миён овард.
Масалан: салтанати шоҳаншоҳи Ҷамшеди афсонавии Пешдодиён, тибқи интиқоли шифоҳӣ, зиёда аз 600 сол давом кард, ё корномаҳои қаҳрамонии паҳлавон Рустам давомнокии беш аз 500 сол доранд, ки, бешубҳа, воқеияти ҳаётии онҳо ва таърихӣ будани онҳоро зери шубҳа мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки муҳаққиқони эронӣ дар ташаккул ва рушди забонҳои эронӣ се давраи асосии таърихиро ҷудо мекунанд:
1.Давраи забонҳои қадимаи эронӣ (авастоӣ, форсии бостон, мидӣ ва ғайра – аз ибтидои ҳазораи 2 то милод – асрҳои IV-III пеш аз милод);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё