Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

2.Давраи забони эронии миёна (форсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, портӣ ва дигар забонҳо – аз асрҳои IV-III милодӣ – асрҳои VII-IX мелодӣ); 3.Давраи нави забони эронӣ (тоҷикӣ, форсӣ, пашту, дарӣ, осетинӣ, курдӣ, балуҷӣ ва дигар забонҳо – асрҳои IX-X - то имрӯз).
Дуто аз се давраи рушди забонҳои эронӣ (аз ҷумла, забони модарии тоҷикӣ) ба даврони муносибати бадбинона ба навиштан («лаънати навиштан») ва бо таъкид ба интиқоли шифоҳии иттилооти хусусияти гуногундошта дар давраи зардуштӣ гузашт.
Ташаккулли давлати Сомониён бо анҷоми ду давра (Эрони бостонӣ ва Эрони Миёна) ва оғози давраи сеюм (Эрони нав) бо ба шакли муайян даромадани бевоситаи забони тоҷикӣ рост омад.
Дар ин ҷо мо таҳаввулоти забонҳои маҳаллии гурӯҳи эрониро пеш аз давраи Сомониён дида мебароем:
1.Забони авастоӣ–яке аз қадимтарин забонҳои маъмулии эронӣ мебошад, ки бо ёдгориҳои хаттӣ маъруфу машҳур гардидааст. Забони ёдгории хаттии «Авасто» (аз форсии миёна «апастак» - «маҷмӯи қонунҳо»), ки маҷмӯи матнҳои динии зардуштиро ифода мекард. Аллакай дар охири асри IV-ибтидои асри VI, забони авастоӣ забони мурда маҳсуб меёфт ва танҳо ҳамчун забони ибодат истифода мешуд (то ҳол дар байни порсҳои Ҳиндустон ва габрҳои Эрон истифода мешавад). Шартӣ будани ин забон аз он аст, ки қисматҳои гуногуни он дар давраҳои гуногун ва минтақаҳои гуногуни зисти ниёгони халқи тоҷик ташаккул ёфтаанд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон, ташаккулли қисматҳои қадимтарини Авасто дар ҳазораи II пеш аз милод оғоз ёфта, муддати тӯлонӣ дар интиқоли шифоҳӣ аз насл

пешина
аз 335
навбатӣ