Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба насли оянда вуҷуд доштанд. Ба андешаи мо, интиқоли шифоҳии иттилоот аз моҳияти аҳримании навиштаҷот дар анъанаи зардуштӣ сарчашма мегирад, ки тасдиқи онро мо дар порчаи зерини «Шоҳнома» пайдо мекунем:
Бирафт, Аҳриманро ба афсун бибаст, Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.
Чу девон бидиданд кирдори ӯ, Кашиданд гардан зи гуфтори ӯ.
Шуданд анҷуман деви бисёрмар, Ки пардохта монад аз ӯ тоҷи зар.
Чу Таҳмурас огаҳ шуд аз корашон, Барошуфту бишкаст бозорашон.
Ба фарри ҷаҳондор басташ миён, Ба гардан баровард гурзи гарон.
Ҳама наррадевону афсунгарон, Бирафтанд ҷодусипоҳе гарон.
Даманда сияҳдевашон пешрав, Ҳаме б-осмон баркашиданд ғав.
Ҳаво тирафому замин тира гашт, Ду дида дар ӯ - андарун хира гашт.
Ҷаҳондор Таҳмураси б-офарин Биёмад камарбастаи разму кин.
Зи як сӯ ғави оташу дуди дев, Зи як сӯ далерони кайҳонхидев.
Якояк биёрост бо дев ҷанг,
Набуд ҷангашонро фаровон диранг.
Аз эшон ду баҳра ба афсун бубаст, Дигаршон ба гурзи гарон кард паст.
Кашидандашон хаставу баста хор,

пешина
аз 335
навбатӣ