Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба ҷон хостанд он замон зинҳор, Набиштан ба хусрав биёмӯхтанд, Дилашро ба дониш барафрӯхтанд.
Набиштан яке на, ки наздики сӣ, Чи румӣ, чи тозиву чи порсӣ, Чи суғдӣ, чи чиниву чи паҳлавӣ, Нигоридани он куҷо бишнавӣ.

Тавре ки аз ин порчаи «Шоҳнома» бармеояд, тибқи анъанаи зардуштӣ, дини асосии гузаштагони тоҷикон (ва дигар халқҳои эронӣ моҳияти аҳриманӣ (девӣ) додан ба хат (навиштаҷот), ба рушди хат мусоидат накарда ба таври шифоӣ инъикос намудани маълумот афзалият медод, ки ба асосҳои таърихи қадимтарин ва аз оғоз фарҳанги бойи халқи тоҷик зарари ҷуброннопазир расонд.
2.Забони портӣ – дар охири ҳазораи I то мелод ва дар аввали ҳазораи I-уми милодӣ дар қисми ҷанубии Варорӯд, қисми ғарбии Хуросон ва дар баъзе минтақаҳои шимолу шарқии Эрон паҳн шуда буд. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, забони портӣ аз ҳуҷҷатҳои монавии воҳаи Турфон (қисми шарқии ҳавзаи Тарим, сарҳад бо Муғулистон), инчунин ривоятҳои портии навиштаҷоти сангии форсии миёна ва ҳуҷҷатҳои гуногуни иқтисодӣ шуҳрат пайдо кардааст. Ба ақидаи онҳо, дар омӯзиши забони портӣ таҳқиқи иқтибосҳои портӣ дар забони арманӣ низ нақши назаррас дошт.
3.Забони хоразмӣ – забони мурдаи зергурӯҳи шимолушарқӣ (алано-осетинӣ)-и гурӯҳи эронӣ дар воҳаҳои поёноби Амударё аст. Ин забони ҳуҷҷатҳое мебошад, ки бостоншиносони шӯравӣ ҳангоми кофтукови Хоразми қадим кашф кардаанд, ки аз рӯи ақидаи муҳаққиқон, тахминан ба асри I мелодӣ мансуб

пешина
аз 335
навбатӣ