Ҷаҳони Тоҷикон

мебошанд. Вале маълумоти асосӣ дар бораи ин забон дар шакли калимаҳо ва иқтибосҳои қадимаи хоразмӣ дар осори арабӣ – исломии замони минбаъда (асрҳои XIII-XIV) дучор мешаванд.
4.Забони сакоӣ-хотанӣ ва лаҳҷаҳои сакоӣ-тахорӣ. Забони хотанӣ-сакоӣ яке аз забонҳои сакоӣ, забони расмӣ ва забони адабиёти буддоӣ дар воҳаи Хотан буд (ҷануби ҳавзаи Тарим,Чин). Қисми асосии ин дастхатҳо бо хатти браҳмӣ (яке аз навъҳои хатти ҳиндӣ) дар асрҳои VI-X навишта шудаанд ва дар Санкт-Петербург, Лондон, Париж ва ҷойҳои дигар маҳфуз аст.
Қисми назарраси ёдгориҳои забони хотанӣ-сакоиро осори буддоӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи мутахассисон, ин забон (сакоӣхотанӣ) бо забонҳои қабилаҳои тахорӣ (ҳиндуаврупоӣ), ки дар миёнаи асри II қад-қади болооб ва миёнаи Амударё ва қабилаҳои сакоӣ, ки кӯлҳои Ҳомун (Систон)-ро ишғол карда, қисман ба ҳавзаи дарёи Ҳинд ворид шуданд, робитаи зич дошт. Ба ин ҷо, инчунин забони қабилаҳои ҳайтолӣ, ки дар асрҳои V-VI Варорӯд, Хуросон, Кобул ва минтақаи шимолу шарқи Эронро забт карда буданд, мансуб медонанд.
Бояд қайд кард, ки рамзи баъзе ёдгориҳои хаттӣ дар мавзеи зисти қабилаҳои сакоӣ нокушода мондааст. Ба ҳама маълум аст, ки соли 1970 бостоншиноси машҳури қазоқ К. Акишев ҳайкалчаи «Ҷанговари сакоии тиллоӣ»-ро дар теппаи Иссиқ (дар наздикии Алмаато) дарёфт кардааст. Дар баробари ин рамзи барои ёдгории таърихии Қазоқистони муосир, як косаи нуқраи сакоӣ бо навиштаҷоти уфуқӣ ёфт шуд, ки бо номи «катибаи Иссиқ"

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё