Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

1 Ман хоҳам гуфт. Мо хоҳем гуфт.
2 Ту хоҳӣ гуфт. Шумо хоҳед гуфт.
3 Вай хоҳад гуфт. Онҳо хоҳанд гуфт.
Замони ояндаи эҳтимолӣ. Ин шакли феъл аз сифати феълии замони ҳозира-оянда бо пасванди -гӣ ва шакли пурра ё кўтоҳи бандакҳои хабарӣ сохта мешавад. Замони ҳозира-ояндаи эҳтимолӣ ду тарзи ифода дорад:
тарзи якум: мерафтагиям, мерафтагиӣ, мерафтагист…; тарзи дуюм:
мерафтагистам, мерафтагист.
Танҳо Ҷамъ
1 Ман хонда истода будаам. Мо хонда истода будаем.
2 Ту хонда истода будаӣ. 2 Шумо хонда истода будаед.
3 Вай хонда истода будааст. 3 Онҳо хонда истода будаанд.
Замони гузаштаи эҳтимолӣ амали воқеъ шудаеро мефаҳмонад, ки гўянда дар бораи он бо шубҳаю тахмин, гумону эҳтимол сухан меронад (ниг.: сиғаи эҳтимолӣ). Гузаштаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо пасванди -гӣ ва иловаи бандакҳо сохта мешавад. Ин шакли феълӣ ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: ман хондагиям, ту хондагиӣ, вай хондаст; мо хондагием, шумо хондагиед, онҳо хондагиянд; тарзи дуюм азшахси сеюми танҳо бо иловаи бандакҳо сохта мешавад: ман хондагистам, ту хондагистӣ, вай хондагист; мо хондагистем, шумо хондагистед, онҳо хондагистанд.
Замони ҳозираи давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёридиҳандаи истодан сохта мешавад. Тасрифаш чунин аст:
Танҳо Ҷамъ
1 Ман хонда истодам. Мо хонда истодаем.
2 Ту хонда истодаӣ. Шумо хонда истодаед.
3 Вай хонда стодааст Онҳо хонда истодаанд Замони ҳозира-оянда аз асоси замони ҳозираи феъл (хон) бо иловаи пешванди ме- сохта шуда, бо бандакҳои феълӣ тасриф мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ