Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Хайр, як хатое буд гузашт. Ман фаҳмидан мехостам ки чӣ тавр шумо як зани оқила ба ҳамсоя таслим шудед, охир ӯро ҳам зану фарзанд ва хонаи обод буд, шумо андешаи инро накардед?
-Бо гузашти айём захми дар бадан гузошта нест мешавад, вале захми дар дил гузошта рӯштантар мешавад, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Дар тариқи ишқ устодӣ намеояд ба кор.
Мебаранд онҳо, ки беодоб бозӣ мекунанд.
-Яъне, ки...
-Дуруст фаҳмидед, ҳамсояи банда айнан чунин шахс буд, ва бовар кунед дар ин кор на ман, балки шавҳарам гунаҳкор аст, чунки лаҷоми бандаро ба дасти чунин ашхос дод...
Аз шунидани ин суханон мӯйи баданам рост шуд, вале чӣ илоҷ, ки мусоҳибам аллакай сухани хеш гуфта буд. Ӯ дар ин кор акнун шавҳарашро гунаҳкор карданӣ мешуд, рафту ин гапро ҳақу ҳамсояҳо ҳам дар чунин тарзи баён мешуниданд нисбати шавҳараш нафрат пайдо мекарданд, ҳарчанд гумон намекунам, ки шавҳари ӯро дар асл чунин марому мақсад дар дил будӣ. Қиёми Абдулхайр бо кадом сабабе пешвоз гирифтани ҳамсарашро ба души ҳамсоя гузошта, бехабар аз он ки ӯ ба сари чандин бонувони зебо оби хунук рехта. Дар куҷое хонда будам, ки орифе гуфта:“Нигоҳбонии галаро ҳаргиз ба души гург насупоред, вагарна он гала ҳам гург хоҳад шуд”. Чӣ хеле ки мусоҳиби банда арз намуд, шавҳараш лаҷоми ӯро ба дасти гург дод, вале ин чандон аҷиб ҳам набуд, аҷибаш он буд, ки ҳамин оҳубарраи зебо ба он гург дил бохт, ё шояд ҳарду гург буданду чун дузд ҳамдигарро нохост шинохтанд. Мардумон бар он ақидаанд, ки гузашта баҳри оянда пул аст, рафту чунин будӣ, Қиёми Абдулхайр ҳамон пулро чун бародари Ҳотами Той бо чашмони баста гузаштанӣ шуда...
Аз чӣ бошад, ки ман боз Ҷамилаи Ҷамшед - ҳамон духтараки деҳотиеро, ки аз фисқу фасоди баъзе аз олимон бехабар пойбанди нафси шаҳвониашон гашта буд, ба ёд овардам. Мирзо Абдураззоқ ба духтарак дохилшавӣ ба донишгоҳро ваъда карду ба қавли мусоҳиби дар рӯ ба рӯям нишаста бо ӯ беодоб бозӣ кард...
Қиёми Абдулхайр бошад, дар ҳамсоягии муаллими донишгоҳ зиставу чӣ кас будани вайро нафаҳмид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё