Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Гумон доред, ки ин ҳама бофтаи хаёлоти ман аст? - хомӯшии тӯлонии бандаро дида, овоз рӯшан намуд соҳибхона.
-Ин аҷаб набвад, ки меш аз гург ҷаст,
13 Ин аҷаб, ки меш дил бар гург баст...
-Худам ҳам нафаҳмидам, ки чӣ тавр пойбанди доми ӯ гаштам.
Дар бораи вай бошад, ман аллакай андешаҳоямро гуфтам.
-Мехостам як сирри тафтишотро барои шумо кушоям.
-Барои ман.
-Ҳа, барои шумо.
-Ба кадом хотир?
-Чун шумо асрори дили хешро баҳри банда арзонӣ доштед, намехоҳам қарздор бимонам.
-Аз кушодани он сир ба сари хеш бало намеоред?
-Намедонам, вале қарздор будан ҳам намехоҳам.
-Хуш он чӣ сирест?
-Ташхиси баластикии гилзаи ёфтшуда нишон дод, ки аз ҳамон яроқе ки ҳамсояи шумо ба қатл расонида шудааст, панҷ сол пеш нафари дигареро ки низ бо ҳамин хонадон пайвастагӣ доштааст, ба ҳалокат расонданд.
-Бо хонадони мо?
-Бале.
-Вай бечора кӣ будааст?
-Нозим Ятим.
-Нозим Ятим?
-Бале.
-Бори аввал чунин ному насабро мешунавам, ҳарчанд ман чор сол боз дар никоҳи қонунии Қиёми Абдулхайр будам, вале агар ӯро бо Нозим Ятим ягон пайвастагие мебуд, бояд аққалан боре ҳам он номро ба забон меовард. Не, дар ин бора ман бори аввал мешунавам.
-Нозими Ятим аз рӯи нақли шоҳидон дасти шавҳари шуморо хеле зиёд гирифтааст.
-Намедонам, ба ростӣ, намедонам.
-Ин хел бошад, ба ман рухсат, - гӯён ман аз ҷой бархестам.
-Чой чӣ мешавад, аққалан як пиёла чои моро мегирифтед.
Сухан аз Ҷ.Румӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё